Ноҳияи Масчо
Ноҳияи Мастчоҳ, Ноҳияи Мастчоҳ (форсӣ: ناحیۀ مسچا) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Бӯстон (форсӣ: بوستان). Аҳолӣ — 132 000 нафар. Масоҳат — 1000 км². Масофа: 56 км шимолу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Бӯстон то Душанбе 360 км роҳ аст.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Масчоҳ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Суғд |
Шомили | 3 шаҳрак, 7 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Бӯстон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 26 ноябри соли 1956 |
Масоҳат | 1000 км² |
Баландӣ | 768 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 132 500[2] нафар (2022) |
Зичӣ | 113,4 нафар/км² |
Миллият | тоҷик |
Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | MA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU.MA[3] |
Коди телефон | +992 3445 |
Нишонаи почта | 735800 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 02 TJ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Мастчоҳ бо сарзамине 1000 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Тошканди Ӯзбекистон, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияи Ғафуров ва дар ғарб — бо ноҳияи Спитаман аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.
Иқлим
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Таърих
вироишНоҳияи Масчо ноҳия 26 ноябри соли 1956 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Мардум
вироишМардуми Масчо ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Масчо 113 400 нафар ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 113,4 кас дар км² буд[4].
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
110,3 | ↗113,4 | ↗125,3 | ↗128,4 |
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Масчо 3 шаҳрак ва 4 ҷамоат дорад[5]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Масчо[6] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Бӯстон шаҳрак | 10151 | ||||||||||
Суғдиён, шаҳрак | 1643 | ||||||||||
Обшорон, шаҳрак | 2729 | ||||||||||
Навбаҳор | 10373 | ||||||||||
Масчо | 16401 | ||||||||||
Оббурдон | 27366 | ||||||||||
Палдорак | 15680 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Масчо Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Масчоҳ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Масчо барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод
вироишНоҳияи Масчо 9 корхонаи саноатӣ, 1070 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 1060 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 24025 га, аз ҷумла 22482 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[7].
Зодагони диёр
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Raions of Tajikistan
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 3 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 25 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
- ↑ Бахшбандии вилояти Суғд. UN Coordination, Tajikistan. 25 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2011.
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Масчо