Соибсултон Алиназарова

Соибсултон Алиназарова (28 феврали 1944, ноҳияи Бартанг) — ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009), Аълочии фарҳанги СССР (1974).

Соибсултон Алиназарова
Таърихи таваллуд: 28 феврал 1944(1944-02-28) (77 сол)
Зодгоҳ: Бартанг
Касб: ҳунарпеша

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1964), Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (1971). Ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ (1964—1966). Аз соли 1971 ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов. Истеъдоди Алиназарова аз нахустин симоҳои офаридааш зоҳир гардид. Ролҳои офаридаи Алиназарова дорои драматизми амиқ, иродаи бузург ва хусусиятҳои нотакроранд. Дар саҳнаи театр як силсила ролҳои ҷолиби драмавӣ, фоҷиавӣ ва романтикӣ офаридааст: Ҷамила («Бой ва хидматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ, 1964), Хосият («Хонаи умед»-и А. Сидқӣ, 1964), Лайлӣ («Қишлоқи тилоӣ»-и М. Миршакар, 1965), Мария Лвовна («Пирии пурзаҳмат»-и Л. Рахманов, 1970), Дилбар («Ғори аҷинаҳо»-и Г. Сафиева, 1971), Нина («Сафар Амиршоев»-и С. Сафаров, 1972), Ширин («Хусрав ва Ширин»-и Г. Птитсин), Марҷона («Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ), Сабринисо («Сафар Махсум»-и А. Ҳамдам, 1992), Тӯтӣ («Торҳои муҳаббат»-и Қ. Киром), Оҳу («Олами вуҳуш»-и А. Қодиров, 1998), Оқила («Дар ҷустуҷӯи бахт»-и Ҳ. Нуров), Фаррошхола («Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев) ва ғайра Алиназарова дар телевизион низ фаъолият кардааст. Роли Қандалотро дар намоишномаи «Алифбоҷон-алифбо» хеле хуб офарид. Барандаи намоишномаҳои «Театр ва бачаҳо» ва «Хоби ширин, хурдтаракон» буд. Дар филми телевизионии «Духтари ҷасур»-и Ш. Қиёмов роли духтари ҷасурро моҳирона бозид. Дар бисёр фестивалу озмунҳо иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Муаллифи драмаи «Навҳаи зан» ва 70 мақола.[1]

НигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш