Солеҳи Регистонӣ
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ (дарӣ: صالح محمد ریگستانی; зод. 19 августи 1963, деҳаи Поранда, вулусволии Бозорак, Панҷшер, Афғонистон) — сиёсатмадор ва нависандаи тоҷиктабори Афғонистон, намояндаи мардуми Панҷшер дар давраи понздаҳуми Маҷлиси намояндагони Афғонистон.
Таърихи таваллуд: | 19 август 1963 (61 сол) |
---|---|
Шаҳрвандӣ: | |
Навъи фаъолият: | сиёсатмадор |
Зиндагинома
вироишСолеҳ Муҳаммади Регистонӣ мутаваллиди 1963 аз вулусволии Бозораки вилояти Панҷшери Афғонистон аст. Ӯ таҳсилоти худро дар риштаи улуми сиёсӣ дар мақтаи коршиносӣ (лисонс) аз Донишгоҳи Кобул ба итмом расондааст. Дар мавриди Регистонӣ мулаққаб шуданаш чунин менависад: «Регистонӣ аз он хотир номи хонаводагии ман аст, ки аҷдоди ман ба монанди ҳазорон тоҷике, ки дар пайи истилои бегонагон дар тӯли таърих дар даврони Темури Курагонӣ аз рустои Даҳбеди Самарқанд ба ҷануби Хуросон, ҷое ки имрӯз Панҷшер номида мешавад, кӯч кардаанд ва чун маркази шаҳри Самарқанд Регистон ном дорад, аз он ҷиҳат ман Регистонӣ тахаллус кардаам»[1]
Регистонӣ дар соли 1979 ба неруҳои Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст ва вориди ҷабҳаи ҷанг дар баробари неруҳои Шӯравӣ ва ҳукумати вақт шуд, ӯ дар он солҳо узвияти Шӯрои нуззори Ҳизби ҷамъияти исломиро касб кард.
Дар авохири даҳаи 1990 ӯ вобаста низоми давлати устод Раббонӣ дар шаҳри Душанбе буд. Соли 2004 ба Афғонистон баргашт ва дар интихоботи парлумонӣ баранда шуда, аз Панҷшер дар Маҷлиси намояндагон — палатаи поёнии парлумони Афғонистон — намоянда буд. Аммо пас аз ду сол ӯ парлумонро тарк кард.
«Ман дидам, ки „ёрони қаблӣ“-ву „бузургон“-и мо, назири Моршол Фаҳим, Доктор Абдуллоҳ, Юнус Қонунӣ, Бисмиллоҳхон ва дигарон ба ормонҳои ҷиҳоду муқовамат хиёнат карданд. Онҳо аз роҳи Масъуд мунсариф шуданд. Даст ба ҷамъоварии молу сарват ва муомилаҳои хоинонае бо кишварҳои хориҷӣ заданд. Ман ба чашмони худ медидам, ки самараи ҷиҳоду муқовимат ва хуни шаҳидони мо зоеъ, мардуми фақиру умедвор фаромӯш шуданд, аз ин хотир, майдонро тарк кардам».[1]
Ин кори Регистонӣ баъдтар чеҳраи бади худро нишон дод. Дар пайи таблиғоти «ёрони қаблӣ» ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2012 дар Панҷшер камтарин ороро ба даст овард ва ба як гӯшанишини сиёсати Афғонистон табдил ёфт. Дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ Регистонӣ фиристодаи хосси Аҳмадшоҳи Масъуд дар Маскав ва пас аз суқути ин режим як давра узви парлумони Афғонистон буд.[2] Соли 1992 муҷоҳидин Кобулро гирифтанд. Регистонӣ дар ҷангҳои дохилӣ бо мухолифини ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ, ки вазири дифоъаш Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ҳамоно риёсати шуъбаи амалиёти Шӯрои нуззорро ба зимма дошт[1].
Дар интихоботи Маҷлиси Афғонистон (2005), ӯ намояндаи мунтахаби вилояти Панҷшер дар Луя Ҷирга шуд ва то суқути ҳукумати Ҷумҳурии Афғонистон дар он хидмат кард.
Соли 2018 Аҳмади Масъуд, ки дар Ландан таҳсил мекард, ба Афғонистон баргашт ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ шурӯъ намуд. Ӯ дар Кобул Дафтари сиёсии худро боз намуда, Регистониро муовини худ гирифт. Моҳи августи соли 2020 мардуми Панҷшер, тамоми фармондеҳони бозмонда аз Масъуд ва насли ҷавони дара бо Масъуди хурдӣ аҳд карданд.
Дар пайи даргириҳои сиёсии Афғонистон (августи 2021) Регистонӣ яке аз чеҳраҳои асосии Ҷабҳаи муқовамати милли Афғонистон таҳти риёсати Аҳмад Масъуд алайҳи Толибон қарор гирифт.
Осор
вироишРегистонӣ худро ба унвони нависанда муаррифӣ намекунад, аммо то ҳол се китоби ӯ — «Масъуд ва озодӣ», «Масъуд дар хотираҳо» ва «Мудохила ба ривояти мудохилагар» ба чоп расидаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Sputnik Тоҷикистон. Сардори Муқовимат ва "бачае аз Самарқанд": Солеҳи Регистонӣ кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20210910T1250+0500). 10 сентябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Чаро сулҳи Амрико ва Толибон ба таъхир афтод? Шарҳи Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ(рус.). Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ». 10 сентябри 2021 санҷида шуд.