Даҳбеди Самарқанд (шаҳрак)

Шаҳраки Даҳбед — дар дувоздаҳкилометрии шимолу ғарби наздики Самарқанд воқеъ гардидааст ва бо номи Махдуми Аъзам ва Хоҷагони Махдуми Аъзамӣ, ки онҳоро Хоҷагони Даҳбедӣ низ мегӯянд, иртибот дорад.

Шаҳрак
Даҳбед
Кишвар Ӯзбакистон
Вилоят Самарқанд
ноҳия Оқдарё
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 644 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ 10 000 тан (2016)
Миллият тоҷикон, ӯзбекҳо
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 866
Зиёратгоҳи Махдуми Аъзам, Даҳбеди Самарқанд

Махдуми Аъзами Даҳбедӣ

вироиш

Махдуми Аъзам тахаллуси Ҳоҷа Ҷалолиддин Аҳмади Косонии Фарғонӣ (Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ) аст, ки аз шайхони бузурги ҷараёни нақшбандия буда, дар ҳаёти маънавию сиёсӣ ва иҷтимоии замони худ таъсир ва нуфузи боризе доштааст. Ӯ дар шаҳри Косони водии Фарғона (наздик ба ҳозира вилояти Намангон) соли 1461 милодӣ дар хонаводаи хоҷагони қадима ва ашрофии тоҷик таваллуд ёфтааст. Вай тайи чанд соли зиндагии худ дар шаҳри Косон дар миёни аҳли дин ва илму адаб чун донишманди бузурги исломӣ шуҳрат пайдо мекунад. Хоҷа Ҷалолиддин ва боз чанд фарзанди ӯ дар шаҳру деҳоти водии Фарғона муридону ихлосмандони зиёде доштааст ва ҳамаи онҳо дар дар пайравӣ аз ҷараёни нақшбандия муътақиди ӯ буданд. Мавлоно Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ дар аввалҳои қарни шонздаҳуми милодӣ баъди аз ҷониби ӯзбакҳо муҳосира шудани қалъаи Косон бо аҳли оила ва муридони худ ба Самарқанд кӯчид. Ҳокими Самарқанд ба ӯ аз наздикии шаҳр мавзеи зебову ҳосилхезро туҳфа мекунад. Тибқи ривоятҳои мардумӣ Ҳоҷа Ҷалолиддин аввалин дарахте, ки дар ин ҷо нишонд, даҳ ниҳоли бед буд, ки чун нишоне аз зодгоҳаш оварда буд, аз ин рӯ, ин мавзеъ бо номи Даҳбед машҳур гардид. Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ ба Даҳбеди Самарқанд бо гурӯҳе аз аҳли байти худ, хешу табор ва муридону шогирдони зиёдаш омада буд. Дар заминҳои ҳоселхези эҳдоӣ муридон ва солиқони вай ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва косибӣ машғул гаштанд. Пас аз чанд сол Даҳбед яке аз шаҳрҳои ободу маъмур ва пурфайзи Самарқанд гардид. Хоҷа Ҷалолиддини Косонӣ Махдуми Аъзам дар Даҳбед масҷиду хонақоҳ ва мадрасае бино намуда, ҳам ба тоату ибодати сӯфиёна машғул мешуд ва ҳам шогирдон ва талабагони зиёдеро таълиму тарбия менамуд. Шуҳрат ва эътибори ӯ дар байни мардум ва назди умарои дарбори Шайбониён то рафт меафзуд ва аз ҳамин ҷост, ки эшонро чун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ мешиносанд ва машҳур мегардонанд. Махдуми Аъзами Даҳбедӣ соли 1542 милодӣ аз ҷаҳон даргузашт. Баъд аз вафот мадфани вай зиёратгоҳи муридону мухлисони дуру наздикаш гардид. Ялантӯш Баҳодур, ки баъди фавти Махдуми Аъзам бар маснади ҳокимияти Самарқанд нишаст, аз мухлисони содиқи Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ буд ва ба фарзанди ин пири номвар Хоҷа Ҳошими Даҳбедӣ дасти иродат дод ва мурид гардид. Аз ин рӯ, чанд сол баъд аз даргузашти Махдуми Аъзам мақбараи ӯро таъмир ва бозсозӣ намуда, дар назди мақбара масҷиди ҷомеъ низ бино сохт. Бо гузашти солҳо дар атрофи мадфани Махдуми Аъзам қабристоне ба вуҷуд омад, ки он ҷо авлоди Хоҷагони Махдуми Аъзамӣ ё худ Хоҷагони Даҳбедӣ ва хонадони ҳукмронони Аштархониён мадфун гаштанд. Ялантӯш Баҳодур, ки соли 1606 милодӣ аз олам даргузашт, тибқи васияташ дар пойгоҳи мақбараи Махдуми Аъзами Даҳбедӣ ба хок супорида шуд.[1] Аз Махдуми Аъзам 13 писару 11 духтар боқӣ монд. Махдуми Аъзам асарҳои зиёде дар боби тасаввуф ва тариқат таълиф намудааст, аз қабили «Одоб-ус-соликин» дар тариқат, «Рисолаи самоъия» дар баёни нағмаҳо ва ғайра. Тибқи эътирофи худаш ӯ, 25 рисола дар баёни ҳақоиқу маориф навиштааст, аммо дар китобхонаи ба номи А.А.Семёнови Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе таҳти рақами 79 бо номи «Сӣ рисолаи Махдуми Аъзам» маҳфуз аст, ки асарҳои ӯро дар бар гирифтааст.

Таърихи бошандагони Даҳбедӣ

вироиш

Азбаски Ҳоҷагони Даҳбедии Самарқанд мардуми озодидӯст ва адолатпарвар буданд, тӯли таърих борҳо ба муқобили шоҳони ситамгари замони шӯриш бардошта, мубориза бурдаанд. Яке аз чунин шӯришҳо дар замони Аштархониён ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора академик Бобоҷон Ғафуров чунин маълумот додааст:

«Зулму ситами тоқатшикан ва бераҳмонаи феодалӣ, ҷангҳои дохилӣ ва фақру гуруснагӣ норозигии оммаи халқро ниҳоятдараҷа зиёд кард. Ин буд, ки дар маҳаллаҳои гуногун дам ба дам шӯру ошӯбҳои халқӣ сар мезаданд. Дар замони Абдулфайзхон, ки ба қавли шоири ҳамзамони ӯ Сайидои Насафӣ, шӯриши калоне дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд рӯй дод. Шиддат ва вусъати ин ҷунбиши халқӣ ба дараҷае буд, ки худи Абдулфайзхон бо лашкари зиёд омада, шӯришро фурӯ нишонд ва Даҳбедро оташ дода, ба хок яксон намуд»

[2].

Баъди қатли оми сокинони Даҳбед мардуми ҷон ба саломатбурдаи он ба ҳар гӯшаву канори Мовароуннаҳру Хуросон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат намуданд. Як зумра сокинони Хуҷанду Фарғона, гузари Даҳбедиёни Истаравшан, деҳаи Қаротоғи Ҳисор, як қисми рустоҳои Ромит, Файзобод, Обигарм, Қаротегин, Вахиё, Дарвоз, Ёхсуи Ховалинг, Дуоби Муъминобод, Даштиҷум, Сарихосору Балҷувон, Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, дараи Панҷшери Афғонистон аз авлоди Хоҷагони Даҳбедии Самарқанд ба шумор мераванд. Бояд гуфт, ки мавҷи аввали гурезагон ва рафтани онҳо ба кӯҳистони Хатлону Бадахшон ва Раштонзамин ба соли 1501 милодӣ рост меояд. Дар ин сол ӯзбекони шайбонӣ Самарқанд, Даҳбед ва навоҳии онро ишғол ва сахт ғорат намуда, мардуми зиёде ва хусусан, хоҷаҳоро куштанд. Дар натиҷа, чи тавре ки Бобур дар «Бобурнома», Мирхонд дар «Равзат-ус-сафо» ва Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр» хабар додаанд, мардуми зиёд аз Самарқанду атрофи он ба Муғулистону Хуросон ва вилоятҳои кӯҳистони Бухорои Шарқӣ (Ҳисору Хатлон, Рашту Бадахшон) гурехта буданд.[3]

Азбаски мардуми Панҷшери Афғонистон худро аз Даҳбеди Самарқанд медонанд, гумон меравад гурезаҳои даҳбедӣ дар ҳамин мавҷи аввал беш аз 500 сол пеш аз ин ба сарзамин ҳиҷрат карда бошанд. Ҳатто имкон дорад, ки Ёрибекхон, ки дар соли 1657 милодӣ мири Бадахшон интихоб гардид, аз ҷумлаи ҳамин гурезагони мавҷи аввал бошад, зеро, чи тавре дар «Таърихи Бадахшон» зикр мегардад, аҷдоди ӯ «ба як-ду пушт ҳасби тақдири азалӣ» пештар аз Даҳбеди Самарқанд ба Яфтали Бадахшон кӯчида омада буданд. Мавҷи дуюми муҳоҷирони даҳбедӣ, чи тавре ки зикр гардид, дар замони ҳукмронии Абдулазизхони Аштархонӣ (1647–1681) ва Субҳонқулихон (1681–1702) ба сӯйи Бадахшону Ҳиндустон равона шуд. Ба ин мавҷи дувум хоҷаҳои самарқандӣ ҳам дохил буданд, чунки онҳо низ равонаи Ҳиндустон буданд, вале бинобар хоҳиши мир Ёрибекхони Даҳбедӣ онҳо бо хирқаи муборак дар Ҷузгуни Бадахшон монданд ва ин шаҳр бо шарофати хирқаи мубораки ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) номи Файзободро гирифт. Баъдан хирқаи муборак дар замони ҳукмронии Аҳмадшоҳи Дурронӣ ба собиқ пойтахти Афғонистон–шаҳри Қандаҳор интиқол дода шуд ва то ба ҳол дар он ҷост. Сипас аз тарафи амири Афғонистон ба хоҷагони Даҳбеди Самарқанд дараи хушманзари Панҷшер ҳадя гардид ва қисми зиёди авлоди Махдуми Аъзам сокини ин минтақа гардиданд, ки аз байни онҳо дар қарни бисти милодӣ сипаҳсолори машҳур, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мулаққаб ба "Шери Панҷшер” зуҳур намуд ва бо корномаи худ вирди забони ҳамагон гардид. Аҷдоди Аҳмадшоҳи Масъуд пас аз ҳиҷрат аз Самарқанд як муддат дар минтақаи кӯҳистони Хатлон зиндагӣ карда, сипас ба дараи Панҷшер кӯч баста, сокин шуданд. Худи Аҳмадшоҳ зимни мусоҳибаҳои худ ба журналистон борҳо таъкид карда буд, ки аз табори тоҷикони Даҳбеди Самарқанд аст.

Мавҷи сеюму калони муҳоҷирати даҳбедиён ба давраи солҳои 1743–1745 милодӣ рост меояд. Ин давра замоне буд, ки Ҳаким Атолиқ вафот карда, Абдулфайзхон бошад, ҳеч қудрате надошт ва Мовароуннаҳр бесоҳиб монда буд. Дар натиҷа қабилаҳои зиёди ӯзбактабор сар бардошта, даст ба ғорату куштори мардуми маҳаллӣ заданд. Ҳамин вазъ сабаб шуд, ки даҳбедиён аз Миёнкол, самарқандиён ва мардуми атрофи Бухоро ба миқдори зиёд ба Ҳисору Хатлону Бадахшон ҳиҷрат намуданд. Тақрибан 20 ҳазор хонавор (буна)-и онҳоро амири якуми сулолаи Манғития Муҳаммадраҳимбий баъди гирифтани Деҳнаву Ҳисор боз ба Миёнколу ватанҳои аслиашон кӯчонид, вале онҳое, ки ба Хатлону Бадахшон муҳоҷират карда буданд, дар ин ҷойҳо монданд. Шояд онҳо дар Панҷшер низ сокин шуда буданд. (Ниг. Ҳакими Бохтарӣ, Ғолиб Ғоиб. Панҷшер–сарзамини мардхез. – Душанбе: Эр-граф, 2013, с. 62–63). Қайд кардан ба маврид аст, ки даҳбедиён бо шуҷоату далерӣ, илму фарҳангдӯстӣ, росткорию адолатпарварӣ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии аморати Бухорову Фарғона, Кошғару Афғонистон, Ҳинду Эрон нақши бориз гузоштаанд. Аз ин ҷост, ки сулолаи Хоҷагони Даҳбедии Самарқанд чун дудмони маорифпарвар, пешвои мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом, тариқати нақшбандияи тасаввуф дар саросари диёри Мовароуннаҳру Хуросон маъруфият ва шуҳрат пайдо мекунад.

 

...Як зарра зи хуршедам, як ғунча зи умедам,

Як навда зи Даҳбедам, як ҳалқа зи Дарбандам.
Аз меҳани гулнорам, аз гулхани гулхорам,
Аз Хоҷаи Аҳрорам, аз Яхчи Самарқандам.
Гулрухсор. "Шаҷара”, Девон, саҳ. 568
 

Гузаштагони барӯманди тоҷик ва Ходимони давлатию сиёсӣ аз Тоҷикистон

вироиш

Аз байни даҳбедиён ходимони барҷастаи сиёсию давлатӣ, донишмандону адибон ва пешвоёни дину мазҳаб ва тариқати нақшбандияи тасаввуф бархостаанд.

Ходимони намоёни давлатию сиёсӣ аз Афғонистон

вироиш

Адибону донишмандони маъруфи тоҷик

вироиш

ва даҳҳо нафар шахсиятҳои маъруф аз табори тоҷикони Даҳбед мебошанд.

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • БобоҷонҒафуров. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби 2. -Душанбе: Ирфон, 1998, саҳ. 73;
  • Расул Ҳодизода. Самарқанднома. -Душанбе: Пайванд, 2002, саҳ. 312–313;
  • Ҳакими Бохтарӣ, Ғолиб Ғоиб. Панҷшер– сарзамини мардхез.–Душанбе: Эр-граф, 2013, саҳ. 62–63);
  • Семенов А.А. Материалы по истории таджиков и узбеков в Средней Азии / Сборник статей, вып. I. Сталинабад, 1954 (Труды АН Таджикской ССР. Том XII). –С. 56;
  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди 1 (аз А то М), Муассисаи давлатии Саррредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. –Душанбе: 2015, саҳ. 316-319;
  • Ҳотам Рабиев. Назаре ба таърихи Даҳбед. –Душанбе, 2016, 88 саҳ.
  1. Расул Ҳодизода. Самарқанднома. -Душанбе:Пайванд,2002. с. 312–313
  2. Б.Ғафуров. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби 2. Душанбе: Ирфон, 1998, саҳ. 73
  3. Семенов А.А. Материалы по истории таджиков и узбеков в Средней Азии / Сборник статей, вып. I. Сталинабад, 1954 (Труды АН Таджикской ССР. Том XII). – С. 56.