Соли Нав

(Тағйири масир аз Соли нав)

Соли нав — ҷашни асосии тақвимӣ мебошад, ки дар лаҳзаи гузариш аз рӯзи охирини сол ба рӯзи аввали соли оянда рух медиҳад. Онро бисёр халқҳо мувофиқи тақвими қабулшуда ҷашн мегиранд. Ибтидои сол аз 1 январ аз ҷониби ҳокими Рум, Юлий Сезар дар соли 46 пеш аз милод таъсис дода шуд. Дар Руми Бостон, ин рӯз ба Янус бахшида шуда буд. Моҳи январ номи худро ба шарафи Янус гирифт, ки вай бо ду чеҳра тасвир шудааст: яке ба пеш менигарист ва дигаре ба қафо менигарист. [1]

Коллаж. Ҷашнгирии Соли Нав дар гӯшаҳои ҷаҳон

Таърих

вироиш

Соли нав яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он «Ибтидои соли нав» сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил дар он шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.

Румиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд. Муддати дарозе румиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав рӯзи якум моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дагараш ба пеш ба соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар туҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Румиёни сарватманд ба император туҳфаҳо мекарданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон туҳфа даъво мекарданд.

Императори Рум Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ дӯҳфаҳо мегирифт. Ӯ дар дафтаре қайд мекард, ки кӣ чандто ва чизе дод.

Дар Бобулистони Қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор — шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бар мегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бармегашт. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошад. Келтҳо аз румиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон туҳфаҳо меситониданд. Одатан тилову ҷавоҳирот туҳфа мекарданд. Пас аз чандин асрҳо малика Елизавета I як маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд.

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон барои рӯзи ҷашнгириро ба 1 январи соли 1752 гузарониданд ба занҳо хуш наомад. Намояндагони занон ба назди сухангӯи парлумон омада иброз доштаанд, ки парлумон ҳуқуқ надорад занҳоро ин қадар зиёд рӯз калонтар кунад.

Дар замони қадим Соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро ки ин дар ин давра табиат аз нав зинда ва мешуд. Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётр I баъд аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1 январ сар кунонд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.

Урфу одатҳои солинавӣ

вироиш

Соли нав яке аз он идҳост, ки онро дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Вале ҷашнгирии он дар байни ҳар як халқ хусусияти хосеро дорост. Нигаред мақолаи асосӣ Урфу одатҳои солинавӣ.

Ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз 1 январ бо фармони император Гай Юлий Сезар соли 46 то милод дар Руми Бостон ҷорӣ шуда буд. Моҳи январ аз номи Янус — худои дурӯя, таҷасумгари дару дарвоза, интохобҳо ва нахустин корҳо гирифта шудааст.

Соли 1700 бо фармони император Пётри I Соли нав дар Русия ба монанди дигар давлатҳои Аврупо аз 1 январ (мувофиқи солшумории Юлианӣ) ҷашн гирифта мешавад.

Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар ИҶШС мувофиқи Тақвими Григорианӣ таҷлил мегардад. Аз 23 декабри соли 1947 бо укази Президиуми Совети Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз рӯи Тақвими Григорианӣ давом дорад.

1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат аст.

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: