Сомониён (шаҳрак)
Сомониён (номҳои пешина: қ. Кӯкташ аз 21.01.1935 то 01.10.1956, шаҳраки ба номи Қарохон Сардоров аз 01.10.1956 то 1970, шаҳраки Ленин аз 1970 то 1998) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст.
Шаҳрак | |
русӣ: Кокташ русӣ: имени Карахана Сардарова русӣ: Ленинский | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 1938 |
Аввалин номбарӣ | 1927 |
Номҳои пешина | Кӯкташ |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 27 300[1] тан (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3137 |
Нишонаи почта | 735100 |
|
Шаҳраки Сомониёнро роҳҳои мошингард бо шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ёвон, Ваҳдат, Ҳисор мепайванданд. Аҳолиаш 8 800 нафар (1980), тоҷикон, узбакҳо (ва лақайҳо), русҳо ва ғайра.
Аҳолӣ
вироишсол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
22,1 | ↗22,6 | ↗24,6 | ↗25,2 |
Иқтисод
вироишКорхонаҳои комбинатҳои нон, хидмати маишӣ ва матбаъаи ноҳиявӣ. Дар шаҳраки Сомониён идораи хоҷагии об, бонки давлатӣ, 3 боғчаи бачагон, мағозаҳо, ошхонаву чойхонаҳо, 2 беморхона, дармонгоҳ, табобатгоҳи ветеринарӣ (дандонпизишкӣ), дорухона, хонаи маданият, боғи фарҳанг ва истироҳат, 2 кинотеатр, радиоузел, 2 китобхона ва ғайра мавҷуданд.
Шаҳрак инчунин омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатӣ, литсейи касбию техники, мактаб-интернат, мактаби мусиқӣ, 2 мактаби миёна, гимназияҳо ва мактаби миёнаи шабона дорад. Дар шаҳрак ба шарафи барпокунандагони Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдгориҳо гузоштаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 24 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
Сарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.