Сомонхудот, Сомонхудо (форсӣ: سامان‌خُدا‎; зод. асри VIII, вилояти Балх) — наҷибзодаи хуросонӣ, ниёи хонадони Сомониён.

Сомонхудот
форсӣ: سامان‌خدا
Таърихи таваллуд асри VIII
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша фармондор

Зиндагинома

вироиш

Ӯ аз муғони зартуштӣ буд, ки дар деҳистони Сомон атрофи Балх фармонравоӣ дошт ва таҳти таъсири волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ, ки аз намояндаи халифаи араб буд, аз мазҳаби зардуштӣ даст кашида дини исломро қабул кард. Дар шахсияти Асад ибни Абдуллоҳ Сомон пуштибоне пайдо кард. Ва аз ин сабаб ба аломати эҳтиром нисбат ба ин мард фарзанди худро Асад ном кард.[1]

Насаби ин хонавода аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо ба Баҳроми Чӯбина — яке аз давлатмардони аҳди Сосонӣ мерасад. Сомониён номи худро аз деҳаи Сомон гирифтаанд, ки ин деҳа дар наздикии Самарқанд (ё Балх) будааст. Сарвари ин хонадон Сомонхудот буда, бо амири Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ (ваф. 738) муносибати наздик барқарор карда, ба дасти ӯ мусулмон мегардад. Ба поси эҳтироми ин дӯстӣ писари худро низ Асад номид. Сомонхудот ҳамчун намояндаи арабҳо солҳои 725—738 ҳокими Балх буда, барои тасхири баъзе қисматҳои Хуросону Мовароуннаҳр бо арабҳо ҳамдастӣ кардааст.[2]

Баъд аз Сомонхудот писараш Асад ибни Сомон дар хидмати халифаи араб буд. Аз соли 819 наберагони Сомонхудот, фарзандони Асад ибни Сомон — Нӯҳ, Аҳмад, Ёқуб ва Илёс дар вилоятҳои Мовароуннаҳр ҳукумрон шудаанд.

  1. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 3.
  2. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с. 99.