Сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой»

Сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон дар назар аст.

13 сентябри соли 2014 маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон шуда гузашт. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» соли 2013 ба имзо расида буд. Лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» хатти чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст. Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад. Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди Тоҷикистон се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад. Арзиши лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.[1]

  1. Ховар.tj(пайванди дастнорас)

Пайвандҳо

вироиш