Тавҳидбонк

(Тағйири масир аз Соҳибкорбонк)

Тавҳидбонк (пешина Соҳибкорбонк) — яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон. Номи пурра — ҶСК «Соҳибкорбонк».

Тавҳидбонк
ҶСК «Тавҳидбонк»
Бинои марказии Соҳибкорбонк. Шаҳри Душанбе
Шакл Ҷамъияти саҳҳомии кушода
Иҷозатнома № 15 аз 19.08.1999
Фаъолият Бонки умумӣ
Соли таъсис 1999
Номҳои пешина Соҳибкорбонк; Бонки Саҳҳомию Тиҷоратии Мададрасони Соҳибкории «Соҳибкорбонк»
Макон  Тоҷикистон: Душанбе
Афроди калидӣ Зардов Шералӣ Давлаталиевич
Сармояи аввалия 1 200 000 сомонӣ
Дороиҳо 138 365 000 сомонӣ (ба 31.12.2017)[1]
Фоидаи холис 6 581 000 сомонӣ (ба 31.12.2017)
Вебгоҳ skb.tj

Таърих

вироиш

Бонки Саҳҳомию Тиҷоратии Мададрасони Соҳибкории «Соҳибкорбонк» 24 августи соли 1999 бар асоси Қарори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 15 ҳамчун бонки бисёрсоҳа дар заминаи собиқ «Тоҷикбонкбизнес» ба қайд гирифта шуд.

Айни замон «Соҳибкорбонк» дорои 7 филиал ва 50 маркази хизматгузории бонкӣ дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аст[2].

Дар охири соли 2017 ҳамаи дороиҳои бонк 138 365 000 сомонӣ шумурда шудааст[1].

Пайвандҳо

вироиш
  • skb.tj — вебгоҳи расмии Тавҳидбонк