Сулаймон Зиёзода
Сулаймон Зиёзода (Зиёзода Сулаймон Ризоӣ то 2019 Зиёев Сулаймон Ризоевич; 1 январи 1962, ноҳияи Ғончӣ, вилояти Ленинобод) — ходими давлатӣ. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2022)
Зиёзода Сулаймон Ризоӣ | |
аз 26 январи 2022 | |
Таваллуд |
1 январ 1962 (62 сол) |
Зиндагинома
вироишЗиёзода Сулаймон Ризоӣ 1 январи соли 1962 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисосӣ агроном-олим хатм кардааст.
Корнома
вироиш- 1983—1986 — Агрономи калони хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод
- 1986 — Сардори шуъбаи дуюми хоҷагии давлатии «Ленинобод»-и ноҳияи Зафаробод
- 1986—1989 — Котиби дуюми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод
- 1989—1992 — Котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Зафаробод
- 1992—1995 — Муовини директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод
- 1995—1996 — Директори хоҷагии давлатии «Ширин»-и ноҳияи Зафаробод
- 1996—2002 — Раиси кооперативи истеҳсолии «Ширин»-и ноҳияиЗафаробод
- 2002—2006 — Раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Шӯҳрат»-и ноҳияи Зафаробод
- 2006—2008 — Раиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи М. Абдуллоев, ноҳияи Зафаробод
- 2008—2011 — Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Зафаробод
- 2011—2014 — Раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод
- 2014 — Сардори шуъба, муовин оид ба иқтисодиёт ва молияи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
- 2014—2015 — Муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод
- 2015—2016 — Муовини раиси вилояти Суғд
- 2016—2018 — Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
- 2018—2019 — Муовини якуми раиси вилояти Хатлон
- 2019 — Муовини раиси вилояти Суғд
- 2019—2020 — раиси ноҳияи Деваштич
- 2020—2022 — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 26 январи соли 2022 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад[1].
Ҷоизаҳо
вироишСоли 1999 бо «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Зиёзода С.Р.. president.tj. 27 Январ 2022 санҷида шуд.