Султоналӣ Худойбердиев

(Тағйири масир аз Султоналӣ Худоибердиев)

Султонали Худойбердиев — мусиқишинос-этнограф, навозандаи созҳои анъанавӣ (дутор), узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1980), номзади илмҳои санъатшиносӣ (1995), профессор.

Султонали Худойбердиев
Таърихи таваллуд 24 март 1956(1956-03-24) (67 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шаҳристон, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ санъат
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд), Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Зиндагинома вироиш

Султоналӣ Худойбердиев, 24 марти соли 1956 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1985 ӯ шуъбаи «иҷрокунандагии анъанавӣ»-и (дутор) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. Аз ибтидо ӯ фаъолияти эҷодиро бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотии вобаста ба омӯзиш, ҳифз ва рушди мусиқии суннатии классикии «Шашмақом» мепайвандад. Солҳои 1985-1993 ӯ ба ҳайси муаллими кафедраи мусиқии Шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, 1993-1995 мудири кафедраи санъати мусиқии анъанавии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд), Солҳои 1987-1991 аспиранти Институти таърихи АИ ҶТ. Соли 1995 корманди илмии Институти таҳқиқотии Осиёи Марказии Франсия (IFEAC) назди Сафорати Франсия дар ӯзбекистон (Тошканд). 1996-1998 дар вазифаи дотсенти кафедраи санъати иҷрокунандагии анъанавӣ, мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Шарқ ва санъати мусиқии муосир, муовини декан оид ба корҳои илмии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кардааст. Аз соли 2001 директори Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик «Ҳунар» дар шаҳри Хуҷанд. Аз солҳои 2014 - 2016 ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов. [1]

Эҷодиёт вироиш

С.Худойбердиев дар симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалии илмӣ, аз ҷумла симпозиумҳои байналмилалии мусиқишиносӣ оид ба мусиқии касбии суннатҳои шифоҳии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна (Самарқанд, 1983, 1987), Симпозиуми байналмилалии «Саҳми халқҳои эронӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ» (Душанбе, 1992), Конференсияи байналмилалии «Ритуал, дух, музыка» (Институти таҳқиқоти Осиёи Марказии Франсия, Тошканд, 1998), Конференсияи байналмилалии «Дарки фазо ва вақт дар фарҳанги Осиёи Марказӣ» (Институти таҳқиқоти Осиёи Марказии Франсия, Тошканд, 2000), конференсияи илмии байналмилалӣ «Проблемаҳои ҳифзи суннатҳои фарҳанги мардумӣ» (ӯзбекистон, Бойсун, 2004), Конференсияи илмии байналмилалӣ бахшида ба 550-солагии Сафиуддини Урмавӣ (Теҳрон, 2005), Фестивал-симпозиуми байналмилалии оид ба Шашмақом (Исфара, 2003, Душанбе, 2006, 2011), оид ба Фалак (Душанбе, 2003, Кӯлоб 2006, Душанбе 2009) ва ғайр иштирок намудааст. Соли 1989 С.Худойбердиев дорандаи Ҷоизаи Озмуни 1-уми ҷумҳуриявии иҷрокунандагони мусиқии классикӣ гардида, бо Дипломи дараҷаи 1 мушарраф мегардад.

Осор вироиш

  1. Ҳофизони мумтози халқи тоҷик. Монография. Тошканд-Хуҷанд, 2000, 130 с.
  2. Савти дутор: Дастури методӣ. Хуҷанд, 2002, 110 с.
  3. Овози бахшиҳо. Монография. Париж, 2007, 250 с., ҳаммуаллифӣ бо профессор Ҷон Дюринг.
  4. Мусиқии суннатии Суғди бостон. Брошюра. Хуҷанд, 2008, 25 с..
  5. 10 асар дар иҷрои муаллиф ба компактс-диски «Мусиқии Осиёи Марказӣ» ворид шудаанд. Сабт бо шарҳи илмии профессор Ҷон Дюринг». С 512356 ОСОҚА, Радиои Франсия, Париж, 1993.
  6. Ҳафт асар дар иҷрои муаллиф бо шарҳи илмии профессор Ҷон Дюринг дар компакст-диски «Мусиқии Осиёи Марказӣ» (Мусиқии дутор). Компакт-диск №560102 ОСОҚА, Радиои Франсия, Париж, 1997.
  7. Сабт дар компакт-диски силсилавии – «Мусиқии Осиёи Марказӣ» (Мусиқии классикӣ аз мақоми «Наво» бо шарҳи илмии профессор Ҷон Дюринг), 8 асар бо иштироки ансамбли «Дурдона»: Компакт-диски С 564563, ОСОҚА, Радиои Франсия.

Мукофот вироиш

Барои хидматҳои шоиста дар соҳаи санъати мусиқии анъанавӣ ва бунёди мактаб, эҳъёи шабакаи мактабҳои суннатӣ дар вилояти Суғд ӯ соли 2006 ба унвони доктори илми Академияи байналмилалии илмии «Antique World», дорандаи Ҷоизаи Академияи байналмилали илмии «Antique World» ва билохира унвони профессори Академияи номбурда сазовор гардидааст.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Кафедраи таърих, назария ва мутодикаи таълими мусиқӣ Султонали Худойбердиев(тоҷ.). www.hgu.tj. 20 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 229- 230