Султонмаҳмуди Ҳиравӣ
Султонмаҳмуди Ҳиравӣ (? — қарни XVI) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишБаъзе тазкиранависон ӯро Бухороӣ номидаанд. Фарзанди хаттоти номӣ Иброҳими Астарободист. Султонмаҳмуди Ҳиравӣ аслан аз Ҳирот аст. Шояд ӯ низ ҳамроҳи устодаш Миралии Ҳиравӣ ба Бухоро рафта, он ҷо муқим шуда, нисбати Бухороиро гирифта бошад. Аз рӯи маълумоти Мустафо Алии Чалабӣ дар «Маноқиби ҳунарварон» Султонмаҳмуди Ҳиравӣ дар хати настаълиқ ҳунарманд буда, дар тазҳиб низ маҳорат доштааст. Аз осори хаттотии ӯ «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ боқист.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Султонмаҳмуди Ҳиравӣ / А. Нуров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).