Иброҳими Астарободӣ

Иброҳими Астарободӣ (форсӣ: ابراهیم استرآبادی[1]; Гургон1557) — муншӣ, хаттот ва шоири форс-тоҷик, падари Султонмаҳмуди Ҳиравӣ.

Иброҳими Астарободӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1557
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис

Зиндагинома

вироиш

Настаълиқро хуб ва таълиқро устодона менавиштааст. Ба қавли Қозӣ Аҳмади Қумӣ, вай таълиқро «бағоят нозук ва соф сохт», ки ӯро устодони хатти таълиқ Савмихоҷа Абдулҳай ва Дарвеш Абдуллоҳ эътироф кардаанд. Иброҳими Астарободӣ муддате котиби девони дарбори Разавӣ дар Машҳад буда, замоне дар Қум ба китобат машғул шудааст.

Тазкиранависони мутааххир аҳвол ва осори Иброҳими Астарободӣ-ро аз сабаби он ки нисбаи «Астарободӣ»-ро дар осори худ истифода намебурдааст, бо аҳвол ва осори хушнависони ҳамноми ӯ даромехтаанд. Масалан, он чи Мирзо Ҳабиби Исфаҳонӣ зери номи Иброҳими Муншӣ овардааст, баргардони нодурусте аз шарҳи аҳвол ва осори Иброҳими Астарободӣ дар китоби «Гулистони ҳунар» аст, ки баъдан ба ҳамон гуна дар «Аҳвол ва осори хушнависон» омадааст. Нусхаи «Искандарнома»-и туркӣ, ки дар Китобхонаи миллии Эрон таҳти унвони «ал-Фақир Иброҳим ал-Муншӣ ал-Ҳазрати-р-Разавӣ бо таърихи шаҳр (моҳ)-и рамазони мубораки 937» вуҷуд дорад, ба қалами Иброҳими Астарободӣ марбут аст. Ду қитъаи хатти мавҷуд дар мураққаъи Баҳром Мирзоро, ки ҳар ду дар Китобхонаи Авқофи Истанбул нигоҳдорӣ мешаванд, низ бо сабаби ҳамсонии шеваи рақам ва наздикии замон бо «Искандарнома»-и ёдшуда метавон ба Иброҳими Астарободӣ мансуб донист. Иброҳими Астарободӣ шеър низ мегуфт.

Фарзандонаш Исмоил ва Султон Маҳмуди Наҷот низ аз хушнависони хатти таълиқ буданд.

Адабиёт

вироиш