Султонмаҳмуд Абдумамадов
Султонмаҳмуд Абдумама́дов (тав. 1934, деҳаи Роштқалъа, ноҳияи Роштқалъа) — сароянда, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1986).
Таърихи таваллуд | 1934 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Роштқалъа, ноҳияи Роштқалъа |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1986) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1956 – 1062 солисти Ансамбли тарона ва рақси Помир, 1962 – 1965 роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шуғнон, 1966 – 1994 артисти Театри мазҳакаи мусиқии вилоятии шаҳри Хоруғ буд. Овози форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ ба Абдумамадов имкон доданд, ки ба дараҷаи ҳунарманди касбӣ расад. Баробари суруду таронаҳои халқӣ аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик як силсила сурудҳои марғуб сароидааст. «Дӯстон – базми висол аст», «Эй парӣ», «Соқиё бархез», «Саҳар булбул», «Таскин», «Майсавор», «Талқини ҳусн», «Гулчин аз фолклори Бадахшон», «Мафтуни чашмат» ва ғайра аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои иҷрокардаи Абдумамадов мебошанд. Дар ҳайати Ансамбли тарона ва рақси Помир ба аксар ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафари ҳунарӣ намуда, мусиқии миллии тоҷикро муаррифӣ кардааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Адабиёт
вироиш- Обидпур Ҷ. . — Душанбе,Аржанг, 2019. — С. 480. — ISBN 978-999-47-43-90-2.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.