Султонмуҳаммади Айшӣ

Султонмуҳаммади Айшӣ (? — қарни XV) — мусиқидон, навозанда, хонанда, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик.

Султонмуҳаммади Айшӣ

Зиндагинома вироиш

Дар Ҳирот ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Айшӣ барои амӯзиши таркиботи илмию амалии мусиқӣ ба Усто Шодӣ, Ҳофизи Басир шогирд истода, дар саройядагию навозандагӣ маҳорати баланд пайдо кард. Вай махсусан дар сурудани таранаҳои ишқӣ шуҳрат дошт.

Ӯ муаллифи чандин асари мусиқӣ буда, «Савти Айшӣ», «Таронаи ушшоқ», «Пешрави Айшӣ», «Нақши Сабо» ва ғайра аз таснифоти машҳури ӯ мебошанд. Султонмуҳаммади Айшӣ бо тахаллуси Айшӣ шеър ва ғазалҳои шӯрантез навишта, ба онҳо оҳанг бастааст. Султонмуҳаммади Айшӣ дар Ҳирот аз олам гузаштааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Султонмуҳаммади Айшӣ / А. Раҷабов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).