Султонназар Маҳмадбеков
Султонназар Маҳмадбеков (01.04.1938, деҳкадаи Поршиневи Ноҳияи Шуғнони ВМКБ – 2013, шаҳри Душанбе), доктори илмҳои биологӣ (1989).
Султонназар Маҳмадбеков | |
Таърихи таваллуд | 1 апрел 1938 |
Зодгоҳ | Ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2013 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи физиологияи рустанӣ ва биофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Стансияи биологии Помир |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Зиндагинома
вироишСултонназар Маҳмадбеков соли 1959 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро ба итмом расонда, дар Пажӯҳишгоҳи ботаникаи АИ Тоҷикистон ҳамчун лаборанти калон ба фаъолият оғоз намуд. Солҳои 1960-1966 ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи физиологияи рустанӣ ва биофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1966-1971 мудири лабораторияи Стансияи биологии Помир буд. Аз соли 1971 боз ба Пажӯҳишгоҳи физиологияи рустанӣ ва биофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон баргашт ва ба қариб чил сол дар ин боргоҳи илм заҳмат кашид, аз соли 1979 мудирии лабораторияи агрофизиологияи Пажӯҳишгоҳи физиологияи рустанӣ ва биофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба зимма дошт.
Фаъолияти илмӣ
вироишКовиши илмиаш ҷабҳаҳои гуногуни равандҳои физиологии рустаниҳоро фаро гирифта, бо амалияи кишоварзӣ дар алоқамандӣ қарор гирифтааст. Вале асосҳои физиологии парвариши рустаниҳои ситрусӣ дар шароити Тоҷикистон мавзӯи асосии таҳқиқоташро ташкил медиҳад. Аз ҷумла пешниҳодҳояш ҷиҳати омӯзиши равандҳои муҳими физиологияи рустаниҳои ситрусӣ дар шароити гармхонаҳои хандақисохт ва рӯизаминӣ дар хоҷагиҳои ситруспарварӣ амалӣ гардида, фоидаи иқтисодӣ овардаанд.
Осор
вироиш- Опыт массовой культуры протоконновых водорослей в условиях Таджикистана. – Д., 1966;
- Цитрусоводство в Таджикистане. (Состояние и перспективы). – Д., 1978;
- Культура лимона в полиэтиленовых сосудах. – Д., 1979 (соавтор);
- Физиологические основы культивирования цитрусовых растений в защищенном грунте: Дисс…доктора биол. наук. – Д.1989;
- Научные основы возделывания лимона в условиях Центрального Таджикистана. – Д., 2011 (соавтор).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 325-326.