Султон Мирзошоев – арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Корманди шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон (1982), Аълочии маорифи халқии ҶСШ Тоҷикистон (1954) ва Аълочии кинематографияи ИҶШС (1969).

Султон Мирзошоев
Таърихи таваллуд 9 январ 1932(1932-01-09) ё 1932
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 июн 2016(2016-06-07)
Маҳалли даргузашт
Пеша корманди давлатӣ
Донишомӯхта дар
Узви ҳизби сиёсӣ
Ҷоизаҳо
Order of Friendship ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"

Зиндагинома

вироиш

Султон Мирзошоев 9 январи соли 1932 дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб (1953), Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1963, мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (Москав, 1966)-ро хатм кардааст. Дар вазифаҳои Котиби якуми Комитети комсомолони шаҳри Кӯлоб, котиби дуюми Комитети ҲК ноҳияи Восеъ, (1957-59), котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон (1960), котиби Комитети ҲК ноҳияи Восеъ (1961-1964), ташкилотчии масъули КМ ҲК Тоҷикистон дар идораи минтақавии истеҳсолии Кӯлоб (1964), нозири шуъбаи ташкилии ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон (1966-1967), Раиси Комитети давлатии кинематографияи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1967-1973), намояндаи доимии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди шӯрои Вазирони ИҶШС (1973-1979), Вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон (1979-1987), сардори Идораи саёҳии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1987-1988), Раиси раёсати ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (1988-1990). котиби якуми Комитети ҲК вилояти Кӯлоб (1990-1993), роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1994), ноиби Президенти ҷамъияти саҳҳомии «Интурист»-и Тоҷикистон (1995-1997) ва Раиси маҷмааи давлатии «Коҳи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Султон Мирзошоев вакили Шӯрои Олӣ ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6-11) буд. Дар фаъолияти адабиаш ӯ бисёр асарҳои ҷолиби хонданибоб эҷод кардааст. «Борис Кимёгаров» бо ҳамкории адиб Карим Давлат, қиссаҳои «Ҷонфидо» ва «Арзи дил», повести «Дуои сари роҳ» аз ҷумлаи онҳост.

Ҷоизаҳо

вироиш

бо ду орденҳои

  • «Байрақи Сурхи Меҳнат»,
  • «Нишони фахрӣ»,
  • «Дӯстӣ»
  • ва медалу, ифтихорномаҳо мушарраф гардидааст.

Намунаи осор

вироиш
  • Борис Кимёгаров.- Душанбе: Ирфон, 1972.- 51с.
  • Роҳи кинои тоҷик.- Душанбе: Ирфон, 1973.- 196 с.
  • Эҳё: Кинематографияи тоҷик дар солҳои 50-ум ва 70-ум.- Душанбе, 1973.- С.121-186.
  • Арзи дил: Драма ва мақолаҳо.- Душанбе: Адиб, 1996.- 64 с.
  • Дуои сари роҳ: Қиссаҳо.- Душанбе, 1997.- 100 с.
  • Қисса ва хотираҳо дар бораи Мирзоалӣ Вайсов.- Душанбе: Шарқи озод, 1999.- 176 с.- Бо ҳамкории Карим Давлатов
  • Фанои марг: Қисса.- Душанбе: Адиб, 2002.- 128 с.
  • Дар пайванди ду аср: Ёддоштҳо.- Душанбе: Шарқи озод, 2009.- 312 с.
  • Арзи дили мо: Кинои Тоҷикистон дар рӯзҳои Даҳаи маданият ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон //Маориф ва маданият.- 1961.- 21 май.
  • Филмҳои мо мукофот мегиранд //Маориф ва маданият.- 1967.- 27 апрел.
  • Воситаи тавонои тарбия: Слёти 1-уми ҷумҳуриявии коркунони кино //Маориф ва маданият.- 1968.- 24 феврал.
  • Имтиҳоноти ҷиддӣ: фестивали байналхалқии кишварҳои Осиё ва Африко //Маориф ва маданият.- 1998.- 19 октябр.
  • Рӯ ба камолот: Кинематографияи тоҷик - 50 сола //Тоҷикистони Советӣ.- 1969.- 27 август.
  • Камолоти эҷод: Кинематографияи тоҷик //Комсомоли Тоҷикистон. – 1969. – 9 октябр.
  • Ҷашни пуршараф: 40- солагии кинои тоҷик //Маориф ва маданият.- 1969.- 18 октябр.
  • Карнайҳо дар Неман баланд садо медиҳанд: Кинои киностудияи Тоҷикфилм //Маориф ва маданият.- 1970.- 13 август.
  • Саҳми кинематографони тоҷик //Тоҷикистони советӣ.- 1970.- 29 август.
  • Имрӯзу фардои кино //Садои Шарқ.- 1972.- №5.- С.63-74.
  • Таҷассуми бадеии ҳаёт: Санъати кинои тоҷик //Садои Шарқ.- 1981.- №3.- С.62-69.
  • Талаби ҳаёт: Нутқ дар съезди VIII-уми Нависандагони Тоҷикистон //Маданияти Тоҷикистон.- 1981.- 14 апрел.
  • Олами зебоӣ: Кинои тоҷик //Машъал.- 1982.- №3.- С.6-7.
  • Нутқи вазири маданияти Тоҷикистон дар съезди VII-уми рассомони Тоҷикистон //Маданияти Тоҷикистон.- 1982.- 1 май.
  • Саҳнаи калони республика /Мусоҳибаи мухбири маҷалла бо Вазири маданияти Тоҷикистон С.Мирзошоев // Тоҷикистон.- 1982.- №8.- С.2-4.
  • Нашъунамои санъати мо: Санъати тоҷик дар зарфи 60 сол // Маданияти Тоҷикистон.- 1982.- 21 декабр.
  • Барои равнақи нави маданият //Агитатори Тоҷикистон.- 1985.-№21.- С.16-19.

Адабиёт доир ба Мирзошоев

вироиш
  • Дар бораи Раиси Комитети давлатии Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба кинематография таъйин кардани Мирзошоев С. Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон //Тоҷикистони советӣ.- 1972.- 25 сентябр.
  • Ҳамроев, Ҳ. Мирзошоев Султон //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 1989.- Ҷ.2.- С.266.
  • Вазири Маданияти Тоҷикистон Султон Мирзошоев (солҳои 1979-1987) //Ҷашни тилоӣ.- Душанбе: Ирфон, 2004.- С.90.- Бо ак¬си С.Мирзошоев.
  • Ҳамроев, Ҳ. Мирзошоев Султон //Энсиклопедияи Кӯлоб.- Душанбе, 2006.- С.314-315.

Нигаред

вироиш
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 1989.- Ҷ.2.- С.266.

Сарчашма

вироиш
  • Энсиклопедияи Кӯлоб.- Душанбе, 2006.- С.314-315.