Сумангул Тағойзода

Сумангул Тағойзода (Сумангул Тағоева; зод. 19 декабри 1966, Душанбе) — ходими давлатӣ. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013—2020).

Сумангул Тағойзода
Тағойзода Сумангул Саид
Таърихи таваллуд: 19 декабр 1966(1966-12-19) (57 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1991)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Сумангул Саидовна Тағоева 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Корнома

вироиш

Фаъолияти кориашро соли 1986 ба сифати Оператори Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатии оид ба таъминоти моддию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас то соли 2005 дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005—2010 — муовин, муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010 — 2013 — Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ноябри соли 2013 то январи соли 2020 — Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб шудааст.[2]

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст