Сураи Нисо

(Тағйири масир аз Сураи Ан Нисо)

Ан Нисо (араб. النسآءЗанҳо) — чаҳорум сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз 176 оят аст.

Сура —
Маънои ном Занҳо
Гурӯҳбандӣ Маданӣ
Тартиби нозил 92
Омор
Рақами сура 4
Шумораи оятҳо 176
Ҷузъ 4 — 6
Ҳизб 8 — 11
Шумораи рукӯъ 24
Шумораи калима 3745
Шумораи ҳарф 16030
Сураи гузашта Сураи Ал Имрон
Сураи раванд Сураи Ал Мойда
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш
  Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Албатта Худо назораткукандаи шумост!   Моли ятимонро ба ятимон диҳед ва ҳаромро бо ҳалол иваз накунед. Ва молҳои онҳоро ҳамроҳ бо молҳои хеш махӯред, ки ин гуноҳе бузург аст!   Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат накунед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор ба никоҳ, дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳе беҳтар аст то ки зулму ситам накунед.   Маҳри занонро ба тиби (майли) хотир ба онҳо бидиҳед. Ва агар баъзе аз онро ба ризоят ба шумо бахшиданд, бигиред, ки ҳалолу покизаатон хоҳад буд.   Молҳоятонро, ки Худо сабаби зиндагии шумо сохтааст, ба дасти беақлҳо мадиҳед, вале аз он хӯроку либосашон диҳед ва бо онон сухан ба некӣ гӯед.
 

Тафсир

вироиш

Сарчашма

вироиш
Сураи қаблӣ: Ал Имрон Сура 4Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Мойда