Сураи Моида

(Тағйири масир аз Сураи Ал Мойда)

Ал Моида (араб. المائدةТаъомхӯрӣ) — панҷум сураи Қуръон. Сура дар Мадина нозил шудааст ва иборат аз 120 оят аст.

Сура —
Маънои ном Таъомхӯрӣ
Номҳои дигар «Ал Уқуд ал мунқиза»
Гурӯҳбандӣ Маданӣ
Тартиби нозил 112
Омор
Рақами сура 5
Шумораи оятҳо 120
Ҷузъ 6—7
Ҳизб 11—13
Шумораи рукӯъ 16
Шумораи калима 2804
Шумораи ҳарф 11933
Сураи гузашта Сураи Ан Нисо
Сураи раванд Сураи Ал Анъом
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш
  Эй касоне, ки имон овардаед, Худо шуморо ба сайде, ки ба даст мегиред ё ба найза шикор мекунед, меозмояд, то бидонад чӣ касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад. Ва ҳар кӣ аз ин пас аз ҳад таҷовуз кунад, ӯрост азобе дардовар.   Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ, ки дар эҳром бошед, шикорро макушед. Ҳар кӣ сайдро қасдан бикушад, ҷазои ӯ қурбонӣ кардани ҳайвонест монанди он чӣ куштааст, ба шарти он ки ду одил аз шумо гувоҳӣ диҳанд ва қурбониро ба Каъба расонад ё ба ҷарима дарвешонро таъом диҳад ё баробари он рӯза бигирад, то уқубати кори худ бичашад. Аз он чӣ дар гузашта кардаед, Худо афв кардааст, вале ҳар кӣ ба он боз гардад, Худо аз ӯ интиқом мегирад, ки Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст!   Шикори дарёӣ ва хӯрдани он ба ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шуда аст. Ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар эҳром ҳастед, бар шумо ҳадом шуда. Аз Худованде, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед!   Худо Каъба, байтулҳаромро бо моҳи ҳаром ва қурбонии беқилода ва қурбонии боқилода қивоми кори мардум гардонид, то бидонед, ки Худо ҳар чӣро ки дар осмонҳову замин аст, медонад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст.
 

Тафсир

вироиш

Сарчашма

вироиш
Сураи қаблӣ: Ан Нисо Сура 5Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Анъом