Ал Фурқон (араб. الفرقانфарқкунандаи ҳақ аз ботил ва шар аз хайр) — бисту панҷум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 77 оят аст.

Сура —
Маънои ном фарқкунандаи ҳақ аз ботил ва шар аз хайр
Номҳои дигар «Таборак»
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Тартиби нозил 42
Омор
Рақами сура 25
Шумораи оятҳо 77
Ҷузъ 18—19
Ҳизб 36—37
Шумораи рукӯъ 6
Шумораи саҷда 1 (оят 60)
Шумораи калима 892
Шумораи ҳарф 3733
Сураи гузашта Сураи Ан Нур
Сураи раванд Сураи Аш Шуъаро
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Мундариҷа

вироиш
  Бузург асту бузургвор он кас, ки ин фурқонро бар бандаи Худ нозил кард, то ҷаҳониёнро бимдиҳандае бошад.   Он кас, ки аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде нагирифтааст ва Ӯро шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст ва онро ба миқдор офаридааст.   Ғайри Ӯ худоёне дигар гирифтанд, ки ҳеч чиз намеофаринанд, ва худ махлуқанд. На молики зиёни худ ҳастанд ва на нафъи худ ва молики маргу зиндагӣ ва қиёмат нестанд.   Ва кофирон гуфтанд, ки ин ҷуз дурӯғе, ки худ бофтааст ва гурӯҳе дигар ӯро бар он ёрӣ додаанд, ҳеч нест. Ҳаққо, он чӣ мегӯянд, ситаму ботил аст.   Ба гуфтанд: «Ин афсонаҳои пешиниён аст, ки ҳар субҳу шом бар ӯ хонда мешавад ва ӯ менависадаш».   Бигӯ: «Ин китобро касе нозил кардааст, ки ниҳони осмонҳову заминро медонад ва бахшояндаву меҳрубон аст!»
 

Тафсир

вироиш

Сарчашма

вироиш
Сураи қаблӣ: Ан Нур Сура 25Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Аш Шуъаро