Сурхдара
Сурхдара — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 6 км. Аҳолиаш 524 нафар (2010), тоҷикон. Аз 72 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти асосӣ, мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, хонаи саломатӣ, 6 хоҷагии деҳқони инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳаи Сурхдара | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
Аҳолӣ | 524 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 72 |
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.