Сурхраг
Артерия (аз юн. ἀρτηρία — нигоҳ доштан), шараён, сурхраг — рагҳое, ки аз дил сар шуда, хунро ба ҳамаи узву бофтаҳо мебаранд.
Системаи шараёнӣ
вироишСистемаи шараёнӣ аз сурхраги шуш, аорта ва рагчаҳои хурдтарини хунгард (артериолаҳо) иборат аст. Рагчаҳои сурхраг ба ҳам пайваст шуда, анастомозҳо (рагҳое, ки ҳангоми дар сурхраги асосӣ қатъ гардидани ҳаракати хун узвҳоро аз хун таъмин менамоянд)-ро ҳосил мекунанд. Рагҳое, ки анастомоз надоранд, рагҳои интиҳоӣ номида мешаванд. Сурхраг найчаи хеле чандир буда, девораҳои он се қабат дорад: қабати беруна (адвентитсия), ки онро бофтаи пайвандӣ меноманд; қабати миёна (медиа), ки аз торҳои мушаки суфта ва бофтаи чандир таркиб ёфтааст; қабати дарунӣ (интима), ки аз ҳуҷайраҳои эпителиявии дар қабати пайвандӣ хобида ҳосил шудааст. Бинобар чандир буданаш девораҳои сурхраг ба фишори сахте, ки аз кашиш хӯрдани дил пайдо мешавад, тоб меоварад. Ҳангоми ламс кардани банди даст заработи (таппиш) сурхрагро метавон эҳсос намуд, ки онро набз меноманд.
Бемориҳои сурхраг
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Артерия // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.