ТВ Футбол (Тоҷикистон)
«Футбо́л» — шабакаи телевизионии умумимиллии футболи Тоҷикистон. Пахши шабакаи телевизионӣ шабонарӯзӣ аз 21 феврали соли 2017 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, дар возеҳияти баланд HD анҷом мешавад. Мансуб ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
«Футбол» | |
---|---|
Шабакаи телевизионии «Футбол» | |
![]() | |
Мамлакат |
![]() |
Минтақаи пахш |
![]() |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Забон | асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ |
Маркази идоракунӣ | Душанбе Тоҷикистон |
Мавзуи канал | футбол |
Оғоз | 21 феврали соли 2017 |
Бинандагон | тақрибан 8 миллион |
Асосгузор | Федератсияи футболи Тоҷикистон |
Молик | Федератсияи футболи Тоҷикистон |
Каналҳои хоҳар |
![]() |
Сайт | www.fft.tj |
Забони асосии шабакаи телевизионӣ — тоҷикӣ, ҳамчунин қисме аз пахш ба забони русӣ бурда мешавад.
ТаъсисВироиш
Дар бораи шабакаи телевизионии футбол дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 гуфта буданд[1]. Дар моҳи январи соли 2017 дар ВАО маълумот дар бораи дар оянда кушодани шабакаи телевизионии «Футбол» дар формати HD пайдо шуд[2][3][4]. Асосгузори шабакаи телевизионӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Шабакаи телевизионӣ дар режими озмоишӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ифтитоҳи расмии 21 феврали соли 2017 аз тарафи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оғоз шуд[5].
Шабакаи телевизионии «Футбол» на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиёро инъикос мекунад. Дар эфири шабакаи телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми УЕФА, Премер-лигаи Англия, Ла лигаи Испания, бозиҳои "-Серия А"-и чемпионати Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи аввали футболи Франсия, Ҷоми Амрико Сентенарио, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд. Дар эфири шабакаи нави телевизиони махсусгардонидашудаи футбол, инчунин барномаҳои ҳирфавӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқа ва тозазуҳури футбол, аз таърих ва фаъолияти тиму клубҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд[6][7][8].
Ҳамчунин нигаредВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ tvnews.by: В Таджикистане появится футбольный телеканал
- ↑ avesta.tj: Федерация футбола Таджикистана запустит новый телеканал «Футбол»
- ↑ sports.ru: Федерация футбола Таджикистана запустит новый телеканал «Футбол»
- ↑ catoday.org: ФФТ Таджикистана откроет новый телеканал «Футбол»
- ↑ news.tj: Рустам Эмомали запустил телеканал «Футбол»
- ↑ Ифтитоҳи шабакаи «Футбол» // ТВ Тоҷикистон — 22 феврали 2017
- ↑ fft.tj: Президент ФФТ Рустам Эмомали дал старт вещанию телеканала «Футбол»
- ↑ Рустами Эмомалӣ телевизиони «Футбол»-ро ба кор даровард // Sputnik Тоҷикистон — 22 феврали 2017