Варзиш ТВ
Варзи́ш ТВ / Varzish TV — телешабакаи давлатӣ, умумимилаллӣ варзишии Тоҷикистон. Барномарезиаш 24-соата, аз 1 марти соли 2016 дар ҳудуди тамоми Тоҷикистон. Дар дигар давлатҳо телешабакаро бо ёрии телевизионҳои моҳворавӣ ва ё интернет тамошо кардан мумкин аст. Телеканал боз бо сайти расмиаш ба тамошобинонаш барномаҳои худро пешниҳод мекунад. Дорои сифати HD аст.
Варзиш ТВ | |
---|---|
![]() | |
Мамлакат |
![]() |
Минтақаи пахш |
![]() ![]() |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Забон | асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ |
Маркази идоракунӣ | Душанбе, Тоҷикистон |
Формати тасвир | DVB-S/MPEG-4/HD |
Мавзуи канал | варзишӣ |
Оғоз | 1 марти соли 2016 |
Бинандагон | наздики 20 миллион |
Асосгузор | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Молик | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони «Варзиш» |
Каналҳои хоҳар |
![]() ![]() ![]() ![]() ![]() |
Шиор | "Варзиш муаррифгари миллат аст!" |
Сайт | varzishtv.tj |
Дастрасӣ | |
Спутник | |
YAHSAT 1A | 11785 H 27500 3/4 |
NSS 12 | 11565 H 10740 3/4 |
Тестҳои техникиаш аз 19 феврали соли 2016 бо моҳвораи Yahsat 1A (позитсияи корӣ 52,5°E) дар сифати HD, бе коддарорӣ, бо параметри: 11938 МГц, поляр. H, SR 27500, FEC.
Телеканал ҳуқуқҳои транслиятсиякунии сафи турнирҳои дунявӣ, мисли Бозиҳои Тобистонаи Олимпии 2016, чемпионатҳои футболии континенталӣ ва миллӣ, чун Премер-Лигаи Англия, Чемпионати Футболии Испания, Лигаи чемпионҳои УЕФА. Забони аслии телеканал — тоҷикӣ, як қисми барномаҳо бо забони русӣ барномарезӣ мешавад.
Тамоми тамошобинони шабакаи Варзиш 20 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз онҳо, 9 миллионаш аз Тоҷикистон, ва бақияаш аз Афгонистон, ӯзбекистон, Ирон, Россия, аз давлатҳои Аврупо ва ИМА мебошанд.
cod bass in yahssat 2020 (20 20 AB EB CD 01 03 D1)