Ҷаҳоннамо (форсӣ: جهان‌نما‎) — шабакаи телевизиони иттилоотӣ ва ҷамъиятию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба агентии иттилоотӣ ва муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» шомил мешавад.

Ҷаҳоннамо/Jahonnamo
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»
Акс:JahonnamoTV.jpg
Мамлакат Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Минтақаи пахш Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Парчами Замин Замин
Замони пахш шабонарӯзӣ
Забон асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ ва англисӣ
Маркази идоракунӣ Душанбе Тоҷикистон
Оғоз 5 ноябри соли 2008
Бинандагон тақрибан 20 миллион аз тамоми ҷаҳон
Асосгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Молик Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо»
Роҳбарон Абдумаҷид Усмон Ҳакимзода
Каналҳои хоҳар Парчами Тоҷикистон ТВ Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон ТВ Сафина
Парчами Тоҷикистон ТВ Баҳористон
Парчами Тоҷикистон Варзиш ТВ
Парчами Тоҷикистон ТВ Синамо
Сайт jahonnamo.tj

Таъсис

вироиш

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 546 аз 31 октябри соли 2008 таъсис ёфтааст. Пахши шабакаи телевизионӣ 5 ноябри соли 2008 оғоз гардид. Сараввал минтақаи шабакаи телевизионӣ 60 % қаламрави Тоҷикистон (асосан ғарби кишвар)-ро фаро мегирифт. Баъдан шабака паҳншавиро тавассути моҳвораи нав оғоз намуд, ки пахши телевизион, дар саросари ҷаҳон таъмин карда мешавад. Директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид Усмон Ҳакимзода (аз ноябри соли 2008) мебошад.

Барномаҳо

вироиш
  • Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон
  • Асрори табиат
  • Аз рӯзгори ситораҳо
  • Асрори коинот
  • Дидбон
  • Дарду дармон
  • Матбуоти ҷаҳон
  • (МАО)-аз олами ҳайвонот
  • Навиди илму технология
  • Ногаҳон
  • Нақлиёт
  • Ориёӣ
  • Оё медонед?
  • Рӯйдодҳо ва расонаҳо
  • Синамо
  • Сӯҳбати рӯз
  • Тоҷикистон аз чашми дигарон
  • Тақвими рӯз
  • Тафсири рӯз
  • Тандурустӣ
  • Ҳуқуқи шумо
  • Ҳамқадам бо замон
  • Ҷӯянда
  • Ҷаҳони муосир[1]

дар сомонаи teleradiocom.tj Бойгонӣ шудааст 17 феврали 2017  сол.

Пайвандҳо

вироиш