Таксӣ
Таксӣ (аз фр. Taximètre — «шуморгари арзиш», сипас номи худи мошин) — худрави кирояе, ки дар дохили шаҳр кор мекунад ва мусофиронро аз маҳалле ба маҳалли дигар мебарад[1]. Таксӣ маъмулан як худрави дорои иҷозатнома барои ҳамлунақли мардум аст, ки бо ранги фарқкунанда ё як нишон бар болои он мушаххас мешавад.
Дар такси киропулӣ аз рӯи нишондоди таксометр дода мешавад.
Таърих
вироишТаксӣ бори аввал дар Лондон соли 1903 ва дар Петербург соли 1907 пайдо шуд.
Ба сифати такси хударвҳои сабукрав, боркаш ва махсус истифода мешаванд. Таксиҳоеро, ки фақат ба тарафҳои муайян аз рӯи фосилаҳои муқарраршуда мусофир мекашонанду киропулиашон якборист, таксиҳои маршрутӣ меноманд.
Таксӣ дар Тоҷикистон
вироишДар Тоҷикистон солҳои охир хадамоти таксӣ дар ҳоли рушд буда, сол то сол дар пойтахти Тоҷикистон ширкатҳое ки ба ин хадамот сарукор доранд меафзояд. Аввали соли 2019 Ҳукумати шаҳри Душанбе намуди ягонаи таксиҳоро тасдиқ кард[2], ки бар асоси ин тарҳ, қисмати болоии таксӣ зард ва қисмати поёниаш сафед аст. Дар паҳлӯи он нуқтаҳои сиёҳ ва, инчунин, ҷойи навиштани телефонҳои хадамоти таксӣ ва таблиғот вуҷуд дорад.
Таксӣ дар Душанбе яке аз нақлиёти пуркорбуд ба шумор меравад. Дар гузашта дар пойтахти Тоҷикистон таксиҳои маъруф ба “3 сомонӣ” фаъол буд, ки сокинонро аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр, яъне дар хатсайрҳои муайян, ба ивази се сомонӣ мерасонд[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Таксӣ чист? Маънои вожаи таксӣ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 19 апрели 2019 санҷида шуд.
- ↑ ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №853 АЗ 28.12.2018. dushanbe.tj. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. 19 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 апрели 2019.
- ↑ Намуди ягонаи таксӣ дар пойтахт. Ҳукумат ба ронандагон 6 моҳ муҳлат дод(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 19 апрели 2019 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.