Талъат Нӯъмонов
Талъат Нӯъмонов (тав.12 сентябри 1962, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — номзади илмҳои техникӣ (1996).
Талъат Эшонқулович Нӯъмонов | |
| |
Таърихи таваллуд | 12 сентябр 1962 (62 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, ҶСП “Savva Car Land», ҶДММ “Telecom Technology LTD”, Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ |
Зиндагинома
вироишТалъат Нӯъмонов 12 сентябри соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фарзанди академик Эшонқул Нӯъмонов. Дар факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таҳсил кардааст (1979—1984).
Фаъолияти корӣ
вироишМуҳандиси Институти тадқиқотии астрофизикаки АИ Тоҷикистон (1984—1986), корманди хурди илмии шуъбаи тадқиқотӣ- илмии энергетикаи Тоҷикистон дар назди Вазорати энергетикаи СССР (1986—1987), ассисистенти кафедраи ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электронии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ (1987—1990). Аспиранти Институти энергетикаи Москва (1990—1991), менеҷери шуъбаи таъминоти ҶСП «Savva Car Land» (1994—1996). С. 1996 дар Институти энергетикаи Москва рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Оператори ҶДММ «Telecom Technology LTD» (1997—1998), оператори мошинҳои ҳисоббарорӣ, менеҷери шуъбаи «Почтаи электрони»-и Ташкилоти байналмилалии САДА (Агентии рушди Осиёи Миёна, 1998—2005). ҳамоҳангсози барномаҳои тренингии лоиҳаи «Интернет барои рушд»-и Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» (2005—2006). Аз соли 2006 — роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ».[1] Зимни фаъолияти асосӣ ҳамзамон дар лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ ба мутахассисони соҳаи автоматиконии системаҳои идораи ҳаракатдиҳандаҳои электронӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таълим медиҳад.[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ». 4 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 сентябри 2015.
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с. 98.