Тағойбобо Шукурзод

Тағойбобо Абдуалими Шукурзоддоктори илмҳои илмҳои педагогика, профессор. Узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия.

Тағойбобо Шукурзод
Тағойбобо Абдуалими Шукурзод
Таърихи таваллуд 10 феврал 1954(1954-02-10) (70 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ маорифшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб,
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстӣ-Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ситораи тилоии олими байналмилалӣ»-и Англия, Оксфорд, Ордени «Дӯстии» дараҷаи дуюми Федератсияи Русия, «Ҷоизаи ҳазорсола» - и Австрия, Ордени «Лаврӣ Слава»-и Англия, Ҷоизаи байналмилалӣ «Золотой Ягуар»-и Англия, Оксфорд, Ҷоизаи байналмилалӣ «Голден Миркурӣ»-и Шветсария, Ордени байналмилалӣ «Интелект нации»-и Украина, Ордени СНГ «За заслуги»

Зиндагинома

вироиш

Тағойбобо Абдуалими Шукурзод дар ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №3 - и ноҳияи Восеъ (1971) Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро аз рӯи ихтисоси физика ва математика соли 1976 хатм кардааст. Фаъолияти омӯзгории худро ба ҳайси муаллими физика ва математика дар мактабҳои миёнаи №3 ноҳияи Панҷ (солҳои 1976 - 1978), №22 ноҳияи Восеъ (солҳои 1978 - 1979) оғоз намуда, солҳои 1979 — 1994 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, дар вазифаҳои сарлабаранти кафедраи физикаи умумӣ, ассистент, омӯзгор, саромӯзгори кафедраи усули таълими физика, муовини декани факултаи физика, идома додааст. Солҳои 1986 - 1988 аспиранти таҳсили рӯзонаи кафедраи усули таълими физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Ҷумҳурии Украина буда, моҳи апрели соли 1991 дар ин донишкада рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст. Соли 1991 то 1994 мудири кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ-ро ба уҳда дошт. Соли 1993 «ВАК» - и Федератсияи Русия ӯро ба унвони дотсентӣ мушарраф гардонид. Аз соли 1994 то соли 2000 ба таври интиқол ба ҳайси декани факултаи физика адои вазифа намудааст, Соли 1997 барои самараи хуб доштани асарҳои илмӣ ва тадқиқотии соҳаи омӯзгори ӯро ба унвони узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия қабул намуд. Моҳи феврали соли 2003 бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишгоҳи гуманитариии байналмилалӣ таъйин шуд. Декабри соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав таъйин гардид. Моҳи феврали соли 2008 барои фаъолияти пурмаҳсули омузгорӣ ва меҳнатҳои илмию методӣ бо Қарори «ВАК» - и Федератсияи Русия ба унвони профессорӣ ноил гашта, соли 2009 узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб гардид.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи китоби дарсии физика барои синфи 10 ва якчанд монографиями илмӣ буда, зиёда аз 110 китобу дастурҳо ва мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ аст.

  • «Теоретико-методическая система игровых форм организации познавательной деятельности в физическом образовании школьников (монография), Душанбе: Дониш, 1998.- 245с.»;
  • «Творческие игры на уроках и во внеклассной работе на первой ступени обучения физике в средней школе. Теоретические основы: (монография), Куляб: МНО Тадж.ССР, ХЗИУУ, 1989.- 62с.»;
  • «Использование исторических материалов при изучении физики. (монография), Душанбе, МНО Тадж.ССР, ЦМК, 1991.- 143 с.»;
  • «Решение задач по физике (Механика). Учебное пособи. 4.1, Душанбе, МНО Тадж. ССР, ТНИИП Таджс.ССР, 1991.- 210с.»;
  • «Организация и постановка игровой формы познавательной деятельности учащихся при совершенствовании обучения физике. Пособие для учителей, Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1996.- 63с.» ва диг.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ордени «Дӯстӣ»-Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • «Ситораи тилоии олими байналмилалӣ»-и Англия, Оксфорд,
  • Ордени «Дӯстии» дараҷаи дуюми Федератсияи Русия,
  • «Ҷоизаи ҳазорсола» - и Австрия,
  • Ордени «Лаврӣ Слава»-и Англия,
  • Ҷоизаи байналмилалӣ «Золотой Ягуар»-и Англия, Оксфорд,
  • Ҷоизаи байналмилалӣ «Голден Миркурӣ»-и Шветсария,
  • Ордени байналмилалӣ «Интелект нации»-и Украина,
  • Ордени СНГ «За заслуги» [1]