Тағоймурод Гулов

(20 январи 1945, деҳаи Пушинг, ноҳияи Данғара — 4 майи 2013, ноҳияи Бохтар) — агроном, доктори илмҳои кишоварзӣ (2000), Коркуни хидматнишондодаи хоҷ

Тағоймурод Гулов (20 январи 1945, деҳаи Пушинг, ноҳияи Данғара — 4 майи 2013, ноҳияи Бохтар) — агроном, доктори илмҳои кишоварзӣ (2000), Коркуни хидматнишондодаи хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон (1996).

Тағоймурод Гулов
Таърихи таваллуд 20 январ 1945(1945-01-20)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 4 май 2013(2013-05-04) (68 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Бохтар
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кишоварзӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои кишоварзӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо
Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1972). Аспирант, х. х. илмии Институти зироати Вазорати кишоварзӣ (1972—1977), нозири шуъбаи кишоварзии кумитаи ҳизбии вилояти Қӯрғонтеппа (1977—1981). Баъдан фаъолияти илмиашро дар филиали Институти зироат дар вилояти Хатлон ба ҳайси мудири шуъба (1982—1992 ва 1998—2001) ва директор (1993—1998 ва 2006—2008) идома додааст. Солҳои 2001—2006 дотсент, профессори ва мудири кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, 2006—2008 директори филиали Институти зироати АИКТ дар вилояти Хатлон буд. Аз соли 2008 мудири озмоишгоҳи селексияи ришқа, ҳамзамон профессори кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Тағоймурод Гулов дар бораи парвариши ришқа, ҷав, ҷавдор, сулӣ, гандум, чойҷуворӣ, лаблабуи қанд дар заминҳои обии ҷумҳурӣ пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи 77 китобу мақолаи илмӣ, 4 навъи зироат (ришқа ва чойҷуворӣ) мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1980) сарфароз гардидааст.

  • Об интенсивном использовании орошаемой пашни. Д., 1981;
  • Биологические и технологические особенности сортов берсима и шабдара. Д., 1982;
  • Состояние и проблемы селекции и семеноводства люцерны в Таджикистане. Д., 1984;
  • Летне-осенний посев люцерны высокоэффективен. Д., 1986;
  • В люцерно-хлопковом севообороте. М., 1989;
  • Сорта и технология возделывания некоторых кормовых культур в Хатлонской области. Д., 1989.

Адабиёт

вироиш