Тақсимоти маъмурии Эрон
Эрон — аз лиҳози тақсимбандии маъмурӣ ба устонҳо (форсӣ: استان ) тақсим мешавад. Ҳар як устонро, устондор ( форсӣ: استاندار استاندار ostandar). сарварӣ мекунад. Дар давраи подшоҳӣ, устондорон аз ҷониби шоҳ таъйин карда мешуданд, айни замон онҳоро Вазорати корҳои дохилӣ таъйин мекунад ва аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Исломӣ тасдиқ карда мешавад [1] .
Устонҳои Эрон (Устонҳо)
вироишУстон — воҳиди маъмурию ҳудудии сатҳи боло аст ва устонҳо, дар навбати худ, ба 324 шаҳристон ( форсӣ: شهرستان), зинаи навбатии тақсимоти ҳудудӣ - бахш ( форсӣ: بخش ), ки беш аз 740 адад аст, тақсим шудаанд. Бахшҳо ба деҳистонҳо - ҷамоати деҳот тақсим карда шудаанд, ки якчанд деҳаро муттаҳид мекунанд. Сарварони шаҳристонҳо ҳокимон мебошанд, онҳо, ва инчунин роҳбарони бахшҳоро, бахшдоронро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин мекунад. Деҳистонҳо аз ҷониби шӯрои деҳаҳо, деҳдорӣ идора карда мешаванд ва ба онҳо деҳдорҳо роҳбарӣ мекунанд [1] .
Мутобиқи иттилооти ҳукумати Эрон барои соли 2012, дар кишвар чунин тақсимбандӣ мавҷуд аст [2] :
Номи тоҷикӣ | Номи форсӣ | Миқдор |
---|---|---|
Устон (вилоят) | استان ostān | 31 |
Шаҳристон | شهرستان shahrestān | 402 |
Бахш (ноҳия) | بخش бахш | 999 |
Шаҳр | شهر шаҳр | 1,167 |
Деҳистон (ҷамоати деҳот) | دهستان dehestān | 2,512 |
Минтақаҳои Эрон (Шаҳристон)
вироишШаҳристон — воҳиди маъмурию ҳудудии сатҳи дуюм мебошад. Ҳар шаҳристон дар навбати худ ба бахш (ноҳияҳо) тақсим мешавад. Сарвари маъмурияти шаҳристон, фармондор аст. Дар маҷмӯъ, дар Эрон 324 шаҳристон вуҷуд дорад.
Ноҳияҳои Эрон (Бахш)
вироишБахш ( форсӣ: بخش) — ноҳия, воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки ҷузъи ҷудонопазири шаҳристон аст. Баъзан дар адабиёти англисӣ ҳамчун шаҳристон (county) тарҷума шудааст, дар дигар кишварҳои монанд дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минтақа (ноҳия) - тауншип , дар Британияи Кабир (district) номида мешавад. Бахшҳо таҳти сарварии бахшдорҳо мебошанд, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Эрон таъйин карда мешавад [1] .
Таърих
вироишТо соли 1950 кишвар ба 12 устон тақсим буд. Солҳои 1950 - 1960 дар миёнаҳои солҳои 1970-ум шумораи устонҳо 23-то буданд. Дар соли 1979 Устони Кирмоншоҳ ба Бахтаран (Bakhtaran) номгузорӣ шуд. Дар соли 1986, Устони Марказӣ ба ду тақсим шуд Теҳрон ва Марказӣ. Соли 1990 Бохтаран азнав Кирмоншоҳ номгузорӣ шуд. Соли 1993, аз боқимонда Озарбойҷони Шарқӣ, Ардабил ҷудо карда шуд. Соли 1995 Қум аз Теҳрон ҷудо карда шуд. Соли 1996, Қазвин аз Занҷон ҷудо шуд. Соли 1997 Гулистон аз Мазендеран ҷудо шуд. Дар соли 2004, бузургтарин устони Хуросон ба се устон - Хуросони Шимолӣ, Хуросони-Резави ва Хуросони Ҷанубӣ тақсим карда шуданд. Қисми ками он ба устони Язд дода шуд.
23 июни соли 2010, аз устони Теҳрон як устони нави Албурз, бо маркази он Караҷ [3] ҷудо карда шуд.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Государственный и Политический строй Ирана
- ↑ Данные МВД ИРИ Бойгонӣ шудааст 19 октябри 2014 сол.
- ↑ Majlis extends term of councils, votes for new province(англ.), Tehran Times (24.06.2010). Бойгонӣ шудааст 27 май 2012 сол. Проверено 23 Январ 2012.