Темур Орипов
Темур Орипов (тав. 17.03.1936) шаҳри Гулистон , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
Орипов Темур | |
Таърихи таваллуд | 17 март 1936 (88 сол) |
Зодгоҳ | Гулистон, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ҳуқуқ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Зиндагинома
вироишТемур Орипов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, факултети ҳуқуқшиносиро (1959) хатм кардааст.
- Солҳои 1961-1964 – мушовири шуъбаи мактубҳо ва шикоятҳои идоракунии корҳои советии вазирони ҶШС Тоҷикистон.
- Солҳои 1964-1966 – инстпектори калони шуъбаи кадри СМУ №24 трести «Тоҷикиелинстрой».
- Солҳои 1966-1969 – консултанти калон, мудири архиви шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои Олии Президиуми ҶШС Тоҷикистон.
- Соли 1971 - омӯзгори кафедраи ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони советии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин .
- Солҳои 1971-1976 – сармуаллими кафедраи таърих ПКИС ДДОЛ ба номи С.М.Киров .
- Солҳои 1976-1981 – дотсенти кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон.
- Солҳои 1983-1985. – мудири кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон.
- Соли 1994 – мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ.
- Солҳои 2000-2002 – декани факултети ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.
- Солҳои 2002-2004 – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.
- Солҳои 2006-2012 - дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратии ДДТТ.
- Аз соли 2013 - то ҳол - дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. [1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ ДДҲБСТ, кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Темур Орипов(тоҷ.). www. tsulbp.tj. 8 феврали 2024 санҷида шуд.