Титаник (англ. Titanic) - филми таърихӣ ва ҳунарии машҳури амрикоӣ соли 1997 сохта шудааст.

Титаник
Titanic
Жанр филми фоҷиа[d], филми диром, филми ошиқона, флешбэк-филм[d], мелодрама[d], Филми таърихӣ ва филми хамосӣ[d]
Коргардон
Таҳиякунанда
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Ширкати синамоӣ 20th Century Fox, Paramount Pictures, Lightstorm Entertainment[d] ва British Film Institute[d]
Давомнокӣ 194 дақиқа
Буҷет 200 000 000 $[1]
Ҳазина 1 850 197 130 $[1] ва 659 363 944 $
Мамлакат
Забон инглисӣ
Сол 19 декабр 1997[1], 8 январ 1998[2][3], 16 январ 1998[4], 1 ноябр 1997, 16 январ 1998, 7 январ 1998 ва 20 феврал 1998
IMDb ID 0120338
Сайти расмӣ(англ.)

Таърихи ин филм ва киштии (лайнери) «Титаник» дар ҳама ҷаҳон машҳур шудааст. Коргардони филм Ҷеймс Кэмерон, продюсер Ҷон Ландау мебошанд. Ин филми 7-уми коргардон Ҷеймс Кэмерон аст. Дар ин кинофилм нақшҳои асосиро ҳунарпешаҳои амрикоӣ Леонардо ДиКаприо ва Кейт Уинслет бозиданд. Ин ду қаҳрамонони филм дар киштии мусофиркаши (лайнери) Титаник вомехӯранд. Ин ҳодиса соли 1912 дар уқёнуси Атлантик вохӯрда буд. Буҷаи филм ба $200 000 000 баробар буд, ки ин рекорди онвақта ба ҳисоб мерафт.

Филм аввалин бор 17 декабри соли 1997 дар ИМА ба тамошобинон намоиш дода шуда буд.

Соли 1998 кинофилми Титаник дар 14 номинатсияи ҷоизаи Оскар иштирок карда, бар 11-тои он ғолиб омад ва ин филм беҳтарин филм дар жанри мелодрамма ба ҳисоб меравад.

Таърихи таҳияи «Титаник»

вироиш

Аввалин бор Ҷеймс Кэмерон дар бораи таҳияи филм соли 1987 фикру ақидаҳо мекард, вақте ки дар шабакаи телевизионии «National Geographic Channel» филми документалиро бо номи «Титаник» тамошо кард. Лекин Ҷеймс Кэмерон танҳо он вақт ақидаи сохтани филмро гирифт, ки дӯсташ Люис Эбернети ҳангоми зодрузӣ коргардон меҳнати худро дар бораи «Титаник» гуфт. Кемерон сенарияи филмномаро соли 1994 навишт ва соли 1995 ба ширкати «20th Century Fox» нишон дод. Баъд ширкат барои таҳияи филми «Титаник» $3000000 маблағ ҷудо кард.