Тоқидӯзӣ, тӯппидӯзӣ

Тоқии тоҷикӣ

Каллапӯши миллии тоҷикон. Навъҳои гуногуни тоқӣ: чустӣ, чакан, чоргули ироқӣ, такдӯзӣ ё чамангул, зардӯзӣ, юрма, пӯпакдор, тӯртӯппӣ, духоб, кабуд ва ғ. маъмул мебошанд. Дар ҷануби Тоҷикистон тоқии мудаввар ва гумбазшакл ва дар шимоли кишвар тоқии чоркунҷа маъмул аст. Матоъи тоқиҳои ноҳияҳои ҷануб аз карбос, алоча, чити ранга, шоҳӣ, махмал, парча духта мешаванд. Тоқиҳо шакли мардона, занона ва бачагонаро доранд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

Дар бораи ҳунар вироиш

Тоқиҳои тоҷикӣ аз қисмҳои мухталиф: теппа («ситора», «тора»), гирда – гардиши тоқӣ (кизак), шероза (ҷияк, зеҳ, ҳошия, канора) ва лаблӯла иборат аст. Тоқиҳоро аз лиҳози шаклу намуд ва композитсия ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст: 1. Тоқиҳои тагпаҳни ҳамвори махрутшакли паст; 2. Тоқиҳои баландгумбаз. Тоқиҳо аз карбос, алоча ё адраси аврабанд, ма-тоъҳои фабрикӣ (якранга, рангоранг), махмал (бахмал), парча дӯхта мешаванд. Масалан, дар водии Ҳисор тоқиро аз чодари арӯсӣ, ки аз алоча ё махмал тайёр карда мешуд, медӯхтанд. Тоқии аз матоъи якрангаи пахтагӣ дӯхтаро гулдӯзӣ мекарданд, агар тоқӣ аз матоъи камарзиш бошад бо попур оро медоданд.

Дар ноҳияҳои Дарвозу Рашт ва Кӯлоб бештар тоқиҳои мудаввар ва гумбазшакл маъмуланд. Композитсияи онҳо гуногун аст: 1. бо унсурҳои алоҳидае, ки бо ҳам алоқаманд нестанд; 2. теппааш ба қитъаҳо тақсим шудааст; 3. дорои доираҳои гуногун; 4. дорои нақшҳои гуногун.

Аз ҷиҳати шакл тоқиҳо асосан мудаввар ва мудаввари ба чоркунҷа моил мешаванд. Дар Дарвоз ва ноҳияҳои Кӯлоб тоқиҳои гурӯҳи аввал бештар паҳн гаштаанд. Дар онҳо нақши «қаламфур»-и қатрамонанд ё «қаламфур»-и сурх дӯхта шудааст. Нақшҳо дар заминаи сурху сиёҳ ё сиёҳ чор маротиба дар тарҳи тоқӣ такрор меёбанд. Дар гирдаи тоқӣ силсилатоқҳои суннатӣ ҷойгир шудаанд. Тоқиҳои мудаввар пилтадӯзӣ мешаванд. Дар тоқиҳои Дарвоз нақши «мендалон» (чор ё ҳашт мендалон) акс ёфтааст. Дар тоқиҳо инчунин нақши ромб, наъл ё шохчаҳои камоншакл такрор ёфта, мутаносибан ба маркази тоқӣ ҷойгир мешаванд.

Доираи дигар намуди тоқиҳо ба қитъаҳо (чор қитъа, ҳашт тарҳ) тақсим карда мешавад. Нақши маъруфи ин тоқиҳо «пари товус  » аст. Ин нақш шакли шохча ва гул дорад. Дар тоқиҳо намудҳои гуногуни гулбандинаҳо, аз қабили «чархи фалак», «ситораи ҳаштгӯша» ва ғайраро дидан мумкин аст. Нақшҳои тоқиҳо бо нақшҳои куртаҳои гулдӯзӣ умумияти сабкӣ доранд, яъне ба тоқиҳо нақшҳои куртаҳои гулдӯзӣ аз қабили «гули замин», «панҷаи мурғ» ва ғайра дӯхта мешаванд. Дар водии Ҳисор «тоқии гулдӯзӣ» ё «тоқии қаламдӯзӣ» аз рӯйи нусхаи қаламкашгашта дӯхта мешавад. Ин навъ дӯхти тоқиро «тоқии рӯйи пилта» меноманд, зеро байни авра ва астари тоқӣ пилта монда, рӯйи қабурғаҳои ба миён омадаро кашидадӯзӣ мекунанд.

Тоқиҳои маросими дафн аз махмали сабзи сиёҳтоб бо лаблӯлаи сиёҳ тайёр карда мешаванд. Дар ин маросим тоқиҳои «чустӣ»-ро низ истифода мебурданд. Дар ин ҳолат нақши сафеди онро бо ранги кабуд ё осмонӣ ранг мекарданд.

Адабиёт вироиш

1. Широкова З.А. Одежда // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.2, Д., 1970.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 108