Тоқиҳои тоҷикӣ, ки дар минтақаҳои мухталиф каллапӯш, қалпоқ, кулоҳ, тӯппӣ, дуппӣ, тоқия маъруфанд, вобаста ба иқлим, муҳит ва шароити табиӣ бо сабкҳои хос таҳаввулу инкишоф ёфтаанд. Дар иртибот ба равнақи санъати тоқидӯзӣ дар маҳалҳо ва мувофиқи завқу салиқаи мардум хелҳои гуногуни он ба миён омадаанд: чоргула, чаман ба гул, ироқӣ, зардӯзӣ, попур, пӯпакдор, арақчин, духоб, сабз (кабуд), тавилбегӣ ва ғайра.

Тоқии тоҷикӣ

Дар тайёр намудани тоқӣ санъати гулдӯзӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Чокҳои кашидадӯзӣ, аз қабили босма, кандахаёл, чиндахаёл, хомдӯзӣ, попур, ироқӣ, ҳалқа, бахя ва ғайра барои дӯхтани нақшҳои калон, хурд, ҳошияву гулнақш истифода мешаванд.

Намуди тоқиҳо

вироиш

Тоқиҳои тоҷикӣ аз қисмҳои мухталиф: теппа («ситора», «тора»), гирда – гардиши тоқӣ (кизак), шероза (ҷияк, зеҳ, ҳошия, канора) ва лаблӯла иборат аст. Тоқиҳоро аз лиҳози шаклу намуд ва композитсия ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст: 1. Тоқиҳои тагпаҳни ҳамвори махрутшакли паст; 2. Тоқиҳои баландгумбаз. Тоқиҳо аз карбос, алоча ё адраси аврабанд, ма-тоъҳои фабрикӣ (якранга, рангоранг), махмал (бахмал), парча дӯхта мешаванд. Масалан, дар водии Ҳисор тоқиро аз чодари арӯсӣ, ки аз алоча ё махмал тайёр карда мешуд, медӯхтанд. Тоқии аз матоъи якрангаи пахтагӣ дӯхтаро гулдӯзӣ мекарданд, агар тоқӣ аз матоъи камарзиш бошад бо попур оро медоданд.

Дар ноҳияҳои Дарвозу Рашт ва Кӯлоб бештар тоқиҳои мудаввар ва гумбазшакл маъмуланд. Композитсияи онҳо гуногун аст: 1. бо унсурҳои алоҳидае, ки бо ҳам алоқаманд нестанд; 2. теппааш ба қитъаҳо тақсим шудааст; 3. дорои доираҳои гуногун; 4. дорои нақшҳои гуногун.

Аз ҷиҳати шакл тоқиҳо асосан мудаввар ва мудаввари ба чоркунҷа моил мешаванд. Дар Дарвоз ва ноҳияҳои Кӯлоб тоқиҳои гурӯҳи аввал бештар паҳн гаштаанд. Дар онҳо нақши «қаламфур»-и қатрамонанд ё «қаламфур»-и сурх дӯхта шудааст. Нақшҳо дар заминаи сурху сиёҳ ё сиёҳ чор маротиба дар тарҳи тоқӣ такрор меёбанд. Дар гирдаи тоқӣ силсилатоқҳои суннатӣ ҷойгир шудаанд. Тоқиҳои мудаввар пилтадӯзӣ мешаванд. Дар тоқиҳои Дарвоз нақши «мендалон» (чор ё ҳашт мендалон) акс ёфтааст. Дар тоқиҳо инчунин нақши ромб, наъл ё шохчаҳои камоншакл такрор ёфта, мутаносибан ба маркази тоқӣ ҷойгир мешаванд.

Доираи дигар намуди тоқиҳо ба қитъаҳо (чор қитъа, ҳашт тарҳ) тақсим карда мешавад. Нақши маъруфи ин тоқиҳо «пари товус  » аст. Ин нақш шакли шохча ва гул дорад. Дар тоқиҳо намудҳои гуногуни гулбандинаҳо, аз қабили «чархи фалак», «ситораи ҳаштгӯша» ва ғайраро дидан мумкин аст. Нақшҳои тоқиҳо бо нақшҳои куртаҳои гулдӯзӣ умумияти сабкӣ доранд, яъне ба тоқиҳо нақшҳои куртаҳои гулдӯзӣ аз қабили «гули замин», «панҷаи мурғ» ва ғайра дӯхта мешаванд. Дар водии Ҳисор «тоқии гулдӯзӣ» ё «тоқии қаламдӯзӣ» аз рӯйи нусхаи қаламкашгашта дӯхта мешавад. Ин навъ дӯхти тоқиро «тоқии рӯйи пилта» меноманд, зеро байни авра ва астари тоқӣ пилта монда, рӯйи қабурғаҳои ба миён омадаро кашидадӯзӣ мекунанд.

Дар охири асри ХIХ дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон тоқиҳои гумбазшакли мулоимро асосан мардон ва кӯдакон мепӯшиданд. Аз аввали асри ХХ тоқиҳо шакли чоркунҷаро гирифтанд. Тоқиҳои «чортарҳа» дар асри ХIХ шакли гумбази қуллааш тезро гирифтанд. Байни теппа ва астари тоқӣ чанд қабат матоъ гузошта, онро бо захми дароз ва кӯтоҳ лаганда мекарданд. Кизаки тоқиҳо бештар бо нақшҳои «оба», «занҷира», «кунгура», мавҷмонанд оро дода мешуданд. Намуди дигари тоқӣ «гилемтуппӣ» аст, ки то имрӯз шакли куҳани гумбазмонанди худро нигаҳ доштааст. Ҳунармандон ҳангоми дӯхтани он аз композитсияҳои гуногун истифода мебаранд.

Аз охири асри ХIХ то чоряки асри ХХ дар ноҳияҳои шимолӣ тоқиҳои «чоргула» мепӯшиданд. Заминаи тоқӣ аз матоъи сиёҳ , кабуд, сабз, кабуди сиёҳ ё махмалӣ буд, ки он пурра дӯхта ва ё нуқтадӯзӣ мешуд. Дар теппаи ин тоқӣ нақши «аждаҳо» ҷойгир буд. Намуди дигари тоқӣ «тӯстӯппӣ» ном дошт. Заминаи он носранг, кабуди сиёҳтоб буд. Дар теппаи тоқӣ нақши чор -унсури сафед ҷойгир буд. Ин намуд тоқӣ бо нақшҳои «бодом», шохчаҳо ва доирачаҳои зиёди сафед оро меёфт. Нақши «бодом», «қаламфур» бо абрешим ё мӯлина дӯхта мешуд. Чунин тоқиро одатан мардони миёнсол ва калонсол мепӯшиданд.

Дар аввали асри ХХ истифодаи тоқиҳои чоркунҷаи гӯшаҳояш нисбатан лӯнда бо нақшҳои «бодом» ва «қаламфур», дар кизакаш нашқҳои «пештоқ» ва «меҳроб» анъана гашт. Ҳамбастии рангу тарҳи зебои ин тоқии тоҷикӣ онро ба яке аз тоқиҳои паҳнгаштаю маъруфи Осиёи Марказӣ мубаддал сохт. Аз чоряки аввали асри ХХ тамоюли паст гаштани теппаи тоқӣ ба миён омад.

Дар нимаи асри ХХ дар байни ҷавонмардон пӯшидани тоқии «чаман ба гул» («катак», «тагдӯзӣ») расм шуд. Нақши он аз абрешими ранга аз рӯйи нусха гулдӯзӣ мешуд, шаклаш чоркунҷа, шерозааш ироқӣ буд. Заминаи тоқии «катак» бо абрешими сафед пурра мешуд. Дар ин давра тоқиҳои ҷавонон бо нақши «буттачаи сабз» ва гулҳои сафеду сурх оро меёфтанд. Гулдӯзӣ бо абрешими якранги сабз ва сабзи сиёҳтоб сурат мегирифт. Охири солҳои 40-ум тоқиҳо бо чоки «ироқӣ» ва ироқии босма пайдо гаштанд. Солҳои 70-80-уми асри ХХ тоқиҳои ироқӣ дар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ роиҷ гашт.

Тоқиҳои маросими дафн аз махмали сабзи сиёҳтоб бо лаблӯлаи сиёҳ тайёр карда мешаванд. Дар ин маросим тоқиҳои «чустӣ»-ро низ истифода мебурданд. Дар ин ҳолат нақши сафеди онро бо ранги кабуд ё осмонӣ ранг мекарданд.

Фарқи тоқиҳои кӯдакона аз калонсолон дар он буд, ки нақшҳои сафед дар заминаи сурх ё осмонӣ дӯхта мешуд. Дар нимаи дуюми асри ХХ байни тоқиҳои кӯдакон ва калонсолон фарқ намонд. Шерозаи тоқии кӯдакон дар заминаи сиёҳ бо ресмонҳои рангоранг оро дода мешуд.

Тоқии «арақчин»

вироиш

Намуди дигари тоқии мудаввари сабук «арақчин» аст. Шакли он дар асрҳои гузашта шакли мудаввару гумбаздор буд. Арақчин аз матоъи сафед бо астар дӯхта мешавад. Фарқи арақчин аз тоқӣ дар он аст, ки он пилта надорад. Байни астар ва теппаи арақчин як қабат коғазу матоъ гузошта, онро бо мошини дарздӯзӣ ба шакли доира ё аз поён ба боло бо чоки морпеч лаганда мекунанд. Лагандаи пайдарҳами калонзахм ва майдазахм ба тоқӣ тобиши хос медиҳад.

Арақчинро гулдӯзӣ накарда, фақат ба он шерозаи бофта ё махмалинро насб мекунанд. Пеш арақчини муйсафедон аз чор нақши ҳаҷман хурди ромбмонанд, ки бо мураббаҳои сиёҳи андар якдигар ҷойгиршуда оро дода мешуд. Дар гирдаи он нақшҳои «парпар», «дандона», «кунгура», «бибияк» ҷой мегирифтанд. Гоҳо ба ҷойи гулдӯзӣ қуроқ - порчаҳои рангоранги матоъ ба шакли дойра ва секунҷа дӯхта мешуд. Дар арақчинҳои ноҳияҳои Кӯлоб бо нақшҳои зооморфии пай дар пай дар давраи гирдбод тасвир гаштаанд, ки рамзи ҳаракати ҳайвону ҷонварони дубаҳра аст. Кӯдакон низ арақчини сабукро мепӯшиданд.

Тоқии занона

вироиш

Занони тоҷик асосан дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ тоқипӯш гаштанд. Қобили қайд аст, ки то ғалабаи Инқилоби Октябр тоқипӯшӣ асосан дар байни занони Бадахшон анъана буд. Дар давраи куҳан занон маъмулан салла, русарӣ, рӯймол, лачак ва дигар навъҳои сарпӯшро истифода мебурданд. Кулоҳҳои гуногунро занон зери рӯймол ё салла мепӯшиданд.

Аз охири асри ХIХ сар карда тоқиҳои «чоргула»-ро пӯшидани духтарон роиҷ гардид. Чор тарҳи ин тоқӣ бо нақши «буттаи гул» оро меёфт, ки он бо номи «чаман ба гул» маъруф буд. Ин тоқиҳо бо чоки кандахаёл гулдӯзӣ мешуданд. Занон инчунин тоқиҳои «чустӣ», ки дорои заминаи сурх ва сабз буд, мепӯшиданд. Духтарон ва занони ҷавон аввал тоқиро зери рӯймол мепӯшиданд, сипас тадриҷан бе рӯймол пӯшидан расм гардид. Дар миёнаи солҳои 40-уми асри ХХ тоқиҳои «ироқӣ» бештар маъмул гаштанд, ки онҳо тавассути чоки ироқӣ ва ироқии босма дӯхта мешуданд. Нақши асосии ин тоқиҳо «шохча» бо гул буд. Заминаи тоқӣ бо ресмонҳои сафед ва сабз дӯхта, гулдастаи тобон дар ҳар як чор қисми теппаи тоқӣ ҷойгир мешуд.

Тоқиҳои зардӯзӣ (мудаввар ва чоркунҷа) дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон маъмуланд. Онҳо ду намуд доранд: заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ. Дар тоқиҳои заминдӯзӣ нақш тамоми сатҳи заминаро фаро мегирад ва дар он ҷойи холӣ намемонад. Дар гулдӯзӣ нақшро аз қоғаз бурида ба рӯйи матоъ мечаспонанд ва онро рӯйи дӯкон бо ресмон кӯк мекунанд. Тоқидӯзон ҳангоми дӯхтани тоқиҳои зардӯзӣ аз нахҳои зарҳалу (каловатун) нуқрагин ва ликкак, инчунин сангҳои қиматбаҳо, пулакчаҳои рахшон, марворид, марҷон, танга ва ғайра истифода мебаранд.

Дар интиҳо чанд сухан дар бораи шероза (ҷияк, зеҳ) - тасмаи борики дастибофт, ки ба поёнигирдаи тоқӣ насб мегардад. Дар асрҳои гузашта шерозаи борики тоқӣ дастӣ ё дар дӯкони махсус бо нақш бофта мешуд. Бари шероза гуногун буд: дар ноҳияҳои ҷанубӣ онро фарохтар, дар шимол бошад, бориктар мебофтанд. Шерозаи суфтаро дар дӯкон бофта, онро бо чоки «ироқӣ» гулдӯзӣ менамуданд. Баъзе ба ҷойи шероза поёни тоқиро аз матоъи махмал ва сиёҳ лаблӯла мекарданд. Тасмаи шероза бо попур низ оро дода мешуд.[1]

Норӣ Ҳакимова, директори Осорхонаи абрешими суннатии «Ардви-сура», ш. Хуҷанд.[2]