Тоҳир Гулов
Тоҳир Ёрович Гулов (тав. 20.07.1964, ноҳияи Ванҷ), кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (2000), дотсент (2004).
Тоҳир Ёрович Гулов | |
Таърихи таваллуд | 20 июл 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | химия |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1981–1983 коргари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ буд. Солҳои 1983–1985 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1985–1990 дар факултети биология-химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1990–1992 муаллим-тадқиқотчии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, 1994–1997 аспиранти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1997–2000 муовини декани факултети химия оид ба корҳои тарбия, 2000– 2006 муовини декани факултети химия оид ба корҳои таълимӣ, 2006–2009 декани факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2009 то ба имрӯз ҳамчун дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳи номбурда фаъолият дорад. Муаллифи 30 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, 6 барномаи таълимӣ, ду ихтироот, аз ҷумла усулҳои истеҳсоли 3-винилбенз [c] изоксазол ва усулҳои истеҳсоли транс–1,2-бис- бенз [c] изоксазолил мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ мукофотонида шудааст.
Осор
вироиш- Машғулияти амалӣ аз химияи органикӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.
- Роҳнамои омӯзгор аз фанни биолоияи умумӣ барои синфи 10-ум. Д., 2018;
- Роҳнамои омӯзгор аз фанни биолоияи умумӣ барои синфи 11-ум. Д., 2018;
- Роҳнамои омӯзгор аз фанни ботаникаи синфи 5-ум. Д., 2019;
- Роҳнамои омӯзгор аз фанни ботаника синфи 6-ум. Д., 2019;
- Ботаника (китоби дарсӣ барои синфҳои 5, 6, ҳаммуаллиф). Д., 2019.