Тоҷибой Абдуллоев
Тоҷибой Абдуллоев (1922, деҳаи Ғӯлакандоз, ноҳияи Пролетар — 2000, ноҳияи Шаҳринав) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 — 45).
Таърихи таваллуд | 1922 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Ғӯлакандоз, ноҳияи Пролетар |
Таърихи даргузашт | 2000 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Шаҳринав |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишКолхозчӣ (1940 — 42). Солҳои 1946 — 65 сардори звенои пахтакорӣ ва аз соли 1966 сардори бригадаи пахтакории колхози Ленини ноҳияи Ҳисор буд. Аз соли 1983 нафақагир. Звенояш ҳосили баланди пахта гирифтааст. Бо ордени Ленин, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абдуллоев Тоҷибой // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.