Ноҳияи Ҷаббор Расулов

(Тағйири масир аз Ноҳияи Пролетар)

Ноҳияи Ҷаббор Расулов (собиқ Пролетар) — ноҳия дар вилояти Суғд, ки 21 январи соли 1935 таъсис ёфтааст. Маркази ноҳия шаҳраки Меҳробод. Вай бо ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва аз тарафи ҷанубу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 328,5 км² буда, 13,2 фоизи ҳудуди вилояти Суғдро ташкил медиҳад. Аҳолиаш 125 000 нафар (соли 2015) аст. Дар ноҳия тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, русҳо ва намояндагони дигар миллатҳо истиқомат мекунанд. Масофа: Маркази ноҳия шаҳраки Меҳробод 20 км дар ҷанубу ғарбтари шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Ҷаббор Расулов
русӣ: Джаббар-Расуловский район
40°09′12″ с. ш. 69°29′21″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Суғд
Шомили 1 шаҳрак, 5 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Меҳробод
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 21 январи соли 1935
Масоҳат 328,5 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 144 100[2] нафар (2022)
Зичӣ 380,3 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа DR
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.DR[3]
Коди телефон +992 3455
Нишонаи почта 735820
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷойгоҳ

вироиш

Ҳудуди ноҳия аз тарафи Ғарб ба водии Фарғона ва аз тарафи шимол ба қаторкӯҳҳои Туркистон шомил аст. Релефи тарафи шимолии он ҳамвориро дар бар гирифта, аз сатҳи баҳр дар баландии 300—400 метр ҷойгир аст. Тарафи ҷанубиаш аз сатҳи баҳр дар баландии 1200 метр ҷойгир буда, аз талу теппаҳо ва адирҳо иборат аст. Бойигариҳои рӯйизаминӣ аз хок, рег ва реги сафед иборат мебошанд.

Аҳолӣ

вироиш
сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
122,2 125,0 135,3 137,7


Иқлим

вироиш

Иқлими ноҳия мӯътадил мебошад. Дар тобистон гарм ва дар зимистон мулоим аст. Тез-тез шамоли сахт вазида меистад. Дар моҳи январ гармӣ ба ҳисоби миёна 0-2 дараҷа С, дар моҳи июн бошад, 28-30 дараҷа мерасад. Дар як сол ба ҳисоби миёна 200—300 мм борон меборад. Ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитаменро аз ҳам дарёи Исфана, ки аз қаторкӯҳҳои Туркистон оғоз ёфта, то ба обанбори Фарҳод омада мерасад, ҷудо менамояд.

Таърих

вироиш

Таърихи ноҳияи Ҷаббор Расулов як қисми ҷудонашавандаи таърихи Ҷумқазноқ, Қуланбош, Деҳмой ва Ғӯлакандоз мебошанд. То инқилоби Октябри соли 1917 ноҳия яке аз уездҳои Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Дар асарҳои таърихӣ, номи ноҳия аз моҳи ноябри соли 1917 ҳамчун стансияи Драгомирово қайд гардидааст. Мавзеъҳои қадимаи таърихии ноҳия маҳаллаҳои шавии Осиёи Миёна ба Руссияи подшоҳӣ, дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аввалин корхонаҳои саноати пайдо шуданд ва дар иқтисодиёт муносибатҳои капиталисти инкишоф ёфтанд. Соли 1875 дар деҳаи Деҳмой корхонаҳои винобарорӣ ва заводи шиша ба кор даромада, иқтидори он дар охири асри XIX ба 80 ҳазор адад шиша дар як сол расид. Дар деҳаи Хитойреза дар ҳамон давра осиёб сохта шуд. Дар деҳаи Ғӯлакандоз дар соли 1872 — 19 адад нуқтаҳои савдо амал мекарданд ва чунин нуқтаҳои савдо дар аввали асри XX дар деҳаҳои Гулхона ва Янгиҳаёт низ амал мекарданд. Яке аз иншоотҳои қадимии таърихию фарҳангии ноҳия, қалъаи Хитойреза буда, осори таърихи асри XVIII мебошад ва айни ҳол дар ҳудуди ҳозираи деҳаи Ӯзбекқишлоқ ҷойгир аст. Дар давраҳои гузашта, маҳсулоти асосии истеҳсоли маҳаллӣ, намудҳои гуногуни ғалладона, пахта, рустаниҳои равғандор, якчанд намуди бодом ба монанди қораги, каҷак, талх, сафед ва ғайра, навъҳои гуногуни ангур ва ширини аз он, инчунин асбобу олоти кулолгари ба ҳисоб мерафт. Заминҳои кишоварзи дар он давра бо истифода аз оби рӯди Исфанасой ва дарёчаи Хоҷа Боқирғон, тавассути ҷӯӣборҳои Дашт, Олтиетим, Ӯрта ва Чолтош обёрӣ мешуданд. Намунаи дигари осори таърихии ноҳия, ки айни ҳол вуҷуд дорад, манораи обии дар соли 1898 дар стансияи Драгомирово сохта шуда мебошад. Аз 21 январи соли 1935 ноҳия, номи Пролетарро гирифт ва аз соли 1994 бо номи ноҳияи Ҷаббор Расулов номгузорӣ гардидааст.

Бахшбандӣ

вироиш

Ноҳия 5 ҷамоати деҳот: Гулхона, Ғӯлакандоз, Деҳмой, Сомониён, Ҳаёти Нав ва 1 ҷамоати шаҳраки Меҳробод дорад.

Ҷамоат Аҳолӣ (2015)[4]
Меҳробод, шаҳрак 14,800[5]
Деҳмой 14,802
Ғӯлакандоз 39,006
Гулхона 24,077
Ҳаёти Нав 14,037
Сомониён 18,278

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҷаббор Расулов Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳия барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод

вироиш

Хоҷагии деҳот дар рушди иқтисодиёти ноҳия мавқеи махсусро ишғол менамояд. Махсусан, пахтакорӣ, чорводорӣ, пиллапарварӣ, сабзавоткорӣ, мевадорӣ ривоҷ ёфтааст. Аз зироатҳои ғалладона гандум, шолӣ, ҷав, ҷуворимакка кишт карда мешавад. Хоҷагиҳои ҷамоавии бузурги ноҳия 7-то мебошанд: Кооперативи истеҳсолии ба номи А.Самадов, Хоҷагии тухмпарварии «Ленинград», Хоҷагии деҳқонии ба номи Она Нодирбобоева, Ассотсиатсияи Кооперативҳои истеҳсолии ба номи Бобохон Ҳамдамов, Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Бобо Турдибоев, кооперативи истеҳсолии Деҳмой ва Иттиҳодияи агросаноатии «Паррандапарвар». Майдони умумии кишт дар ноҳия 20451 гектар буда, аз он 18758 гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Майдони кишти пахта 12770 гектарро ташкил медиҳад. Маҳсулоти галладона (гандум, ҷав, шолӣ, ҷуворимакка) дар майдони 5284 гектар кишт карда мешавад. Сабзавот майдони 591 гектар, боғу токзор 804 гектар, хошоки дурушт 1547 гектар, зироатҳои полезӣ 58 гектарро ташкил медиҳанд. Заминҳои киштшуда бо воситаи сойи Исфана, Сирдарё ва Оби Хоҷа Боқирғон тариқи каналҳои Оққалъа ва Селкан на хатҳои сунъии обгузарон обёрӣ карда мешаванд. Маҳсулоти чорво: гӯшт, шир, пашм истеҳсол карда мошавад. Саршумори чорвои калони шохдор ба 5404 сар морасад. Дар хоҷагии халқи ноҳия 1 503 сар гов, 3 514 сар гӯсфанду буз, 98 сар асп, 56 577 то мурғ мавҷуд аст. Дар ноҳия корхонаҳои саноатии зерин амал менамоянд: Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Пахтаи Пролетар», корхонаи пахтатозакунии Ғӯлакандоз, Ҷамъияти саҳҳомии қумбойгардонии Пролетар, корхонаи хиштбарории Пролетар, Корхонаи таъмири механикӣ, матбаа, корхонаи дӯзандагӣ Ҷамъияти саҳҳомии «Кварс», комбинати истеҳсоли нон, корхонаҳои хусусии «Муҳаббат», «Хуршед» ва «Гулхона». Аз тшкилотҳои сохтмонӣ иттиҳодияи сайёри механиконидашудаи № 6, Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Ватан», ташкилоти сохтмонии Ғӯлакандоз, минтақаи истеҳсолии ҳисоби хоҷагӣ фаъолият менамояд.

Кишоварзӣ ва чорводорӣ

вироиш

Қисми асоси аҳолии ноҳия дар деҳот зиндагонӣ мекунад ва бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, инчунин асоси фаъолияти мардум ба соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ нигаронида шудааст. Ҳамаги дар ноҳия 1937 ташкилотҳо буда аз он ҷумла 94 буҷави ва ҳисоби хоҷагӣ, 110 корхонаи хурд ва шахсӣ, 1620 хоҷагаи дехқони, ва 123 кооперативҳои истеҳсоли ва 3 ҷамиятҳои сахоми фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 22810 нафар кормандон меҳнат мекунанд.
Заминҳои ноҳия 32141 га буда, асосан баӣни ҳафт хочагии калони кишоварзӣ тақсим шудаанд аз он ҷумла: Ҷамоати Гулакандоз 16218 га, −50,5 % ҷамоати Сомониён 3658 га, −11,4 %, ҷамоати Гулхона 7201 га,-22,4 %, ҷамоати Деҳмоӣ 3770 га, −11,7 % Паррандапарвар-2 1294 га,-4 %. Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ноҳия ба 1 январи соли 2016- 4050 сар, азон ҷумла модагов 1120 сар, саршумори гусфанду буз — 2904 сар, асп — 90 сар, парранда-125784 сар расонида шуд. Гусолагири — 788 сар, Бара ва бузғолагири — 1200 сар мебошад.
Маҳсулнокии чорво: аз 100 сар модагов 47 сар гусола гирифта шуд, аз 100 сар меш 121 сар бара ва бузгола гирифта шуд. Ширҷуши аз як сар модагов 2920 кг. Тухмгири аз як сар мокиён 216 дона шуд.

Саноат

вироиш

Соҳаи саноат 20 корҳонаро фаро гирифта дар соли 2015 истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати ноҳия 97009,6 ҳазор сомониро ташкил карда, ба 8 фоизи нақшаи истеҳсолии корхонаҳои саноатии вилояти Суғд баробар мебошад. Дар ноҳия соли 2015 -ум сохтмони иншооти аз тарафи ҶП Сохибкорон 25150 хаз.сомони фондҳои асоси ба истифода дода шуд. Дар шаҳраки Пролетар сатҳи обҳои зеризамини зиёд мебошад. Барои кам кардани обҳои зеризамини дар шаҳраки Пролетар 34 адад насосҳои обкаши кор мекунанд.

Маориф

вироиш

Дар ноҳия 42 то мактаби таҳсилоти умумӣ буда, дар онҳо беш аз 25 ҳазор хонанда таҳсил менамояд. Аз ҷумла 1 мактаби ибтидои (МТИ № 34), 1 мактаб кӯдакистон, 2 мактаби типи нави Гимназияи № 1, Литсейи № 1, 38 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 1-11). Ба насли наврас 2030 нафар омӯзгор дарс медиҳад, 19 кӯдакистони доимамалкунанда мавҷуд аст ва дар онҳо 2700 нафар кӯдакони синни томактабӣ таълиму тарбия мегиранд. Ҳамчунин литсеи аграрӣ-техникии № 27, Омӯзишгоҳи касбӣ-ҳунарии № 65 ва Колеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ (бахши Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе) амал менамоянд.

Тандурустӣ

вироиш

Баҳри ҳифзи тандурустии омма1 беморхонаи марказии ноҳия, 39 муассисаҳои дармонгоҳи-амбулаторй, 3 беморхонаи деҳотӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ ва 19 нуқтаҳои тиб ва шифохонаи физиотерапевтии вило- ятии «Ғӯлакандоз», маркази вогиршиносии ноҳия фаъо- лият доранд. Беш аз 211 нафар духтурон ва 825 нафар хо димони миёнаи тиббӣ кор мекунанд. Ба иншооти соҳаи тандурустӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 7 миллиону 40 ҳазор сомонӣ ҷудо гаштааст. Аз ҷумла ин маблағ барои сохтмони дармонгоҳ дар шаҳри Конибодом, таваллудхона дар ноҳияи Ғончӣ, бинои шуъбаи нурафкании маркази саратоншиносии вилоят, бозсозии шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи ноҳиявии № 3 дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ барои 210 кат масраф гаштааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳраки Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пеш рафта истодааст.

Фарҳанг

вироиш

Соли 2015 сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буд. Иншооти ҷашнӣ дар арафи иди Наврӯз ба истифода супурда шуд. Ба меҳнаткашони ноҳия 12 китобхонаи оммавӣ, 18 клуб, 4 хонаи маданият хидмат мерасонад. Ба ҳолати 1 январи соли 2016 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 20 муассисаҳои томактаби (бо шумораи умумии 3008 ҷой) фаъолият менамоянд, ки ин нисбат ба соли 2015 ба миқдори 160 ҷой зиёдтар мебошад.

Нақлиёт

вироиш

Ноҳия тавассути роҳҳои автомобилгард бо шаҳри Хуҷанд (аз маркази ноҳия 20 км) ва шаҳру ноҳияҳои дигар мепайвандад. Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани Ҷиззах-Андиҷон мегузарад.

Матбуот

вироиш

Рӯзномаи ноҳиявии «Пролетар тонги» («Пролетар ҳақиқати») аз соли 1935 ин ҷониб нашр мешавад. Телевизиони маҳаллии Ғӯлакандоз бошад аз соли 1998 ба намоиши барномаҳо шурӯъ намудааст.

Нигористон

вироиш
  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Raions of Tajikistan
  4. Jamoat-level basic indicators, United Nations Development Programme in Tajikistan, accessed 2 October 2020
  5. Population of the Republic of Tajikistan as of 1 January 2015(рус.). Statistics office of Tajikistan. 4 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.