Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон

Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон

Пас аз истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло дарҷ гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».

Таърих

вироиш
  • Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
  • Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис доданд ва ин намояндагиҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.
  • Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ умдатарин манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад. Ҳавзаи дувум Осиёи Марказист, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст. Ҳавзаи сеюм аз фазои зисти давлатҳои ҳамсояи форсизабон иборат буда, ҳавза бо вуҷуди он, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасидааст, аммо онро ҳамбастагии таърихӣ, динию фарҳангӣ ва дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад. Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро нафақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои динӣ, балки имконият ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад. Ниҳоят, ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ роҳ мепаймояд”.
  • Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштироки он дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Албатта, на ҳамаи ҳадафҳои ИДМ дар шароити имрӯза пурра амалӣ мешаванд, аммо сарфи назар аз ин, Иттиҳод имрӯз баёнгари умумият ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллионҳо одамони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
  • Тоҷикистон дар баробари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориро дар доираи ду созмони дигари дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалкунанда - Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ мешуморад.
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ба проблемаҳои минтақа, аз ҷумла ба масъалаи ҳавзаи баҳри Арал диққати ҷиддӣ медиҳад. Кишвари мо яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷидду ҷаҳди худро барои ҳалли ин проблемаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона менамояд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамчун мушкилоти ҷиддии минтақа мавриди баррасӣ қарор мегирад.
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо ба мушкилоти наҷоти баҳри Арал, балки ба проблемаи таъмини аҳолии дунё бо оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои об таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии оби тоза эълон намудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» пазируфта шудани солҳои 2005-2015, ки аз тарафи беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтаанд ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 нишонаҳои возеҳи афзудани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
  • Дар давоми 20 соли ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 маротиба ҷиҳати иштирок ва суханронӣ дар иҷлосияҳои Маҷмаи Кулли ин созмони муътабари олам ширкат варзида, зимни ҷаласоти он бо пешниҳодҳои фарогири манфиатҳои минтақавию ҷомеаи башарӣ таваҷҷуҳи мардуми сайёраро ба мушкилоти Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Афғонистони ҷангзада ҷалб намудааст.
  • Аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, бо вуҷуди идомаи муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишвар, макони баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ қарор гирифтани шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон худ нишонаи истиқрори тадриҷии вазъ, эътироф ва эҳтироми сиёсати давлатдории роҳбарияти давлат буд.
  • Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратҳои давлатҳое чун Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Франсия, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирғизистон кушода шуда, ба фаъолияти мунтазам шурӯъ намудаанд. Як идда давлатҳои дигар низ дар арафаи кушодани сафоратҳои худ қарор доранд.
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар 23 давлати хориҷӣ - Австрия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Белгия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Куба, Озарбойҷон, Олмон, Миср, Покистон, Туркия, Туркманистон, Федератсияи Россия, ӯзбекистон, Украина, Эрон, Чин, Ҷопон, Швейтсария, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирғизистон намояндагиҳои дипломатӣ (сафоратҳо) ва дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо намояндагиҳои доимии худро боз намудааст. Ҳоло дар Амороти Муттаҳидаи Араб Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
  • Дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмони байналмилаливу минтақавӣ, 9 намояндагии агентиҳо ва муассисаву сохторҳои СММ фаъолият доранд. Ҳоло дар кишвар 46 намояндагии созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки якҷо бо созмонҳои байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ) дар инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми бевосита доранд.
  • Татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар оғози асри XXI ҷараён мегирад, ки равандҳо ва тамоюлоти он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардуми мо таъсири амиқ ва рӯзафзун доранд ва хоҳанд дошт.
  • Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногенӣ ва мавқеъгириву таъсиррасонии на ҳама вақт мусбати абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд.
  • Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои пайваста бо онҳо зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро ба миён мегузоранд.
  • Дар чунин шароит ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ ба хотири коҳиш ва рафъи хатарҳои асосии глобалӣ самти муҳимтарини амалиёти муштараки ҷомеаи башарӣ мебошад. Пешгирии оқибатҳои ниҳоят хатарноки тамоюлоти дигари рӯз, қабл аз ҳама “бархӯрди тамаддунҳо” низ аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст.
  • Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлол, бахусус солҳои охир ин тамоюлоту равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳими ҷаҳони дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро мадди назар дошт ва пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии Ватан ва мардуми худро дар чаҳорчӯбаи сиёсати «дарҳои кушода» дар сатҳи шоиста таъмин намояд.
  • Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи даргир ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт.
  • Дар шаҳри Душанбе дар як вақт пазироӣ намудани ҳамоишҳои cарони давлатҳои cе созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – ИДМ, Иттиҳоди иктисодии Авруосиё ва СААД 5-6 октябри соли 2007, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон 28 августи соли 2008, мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия 30 июли соли 2009, Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 - солагии Ҷалолиддини Румӣ 6-8 сентябри соли 2007, Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, иҷлоси 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ 18-20 майи соли 2010, Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10 – солаи амалиёти ҷаҳонии «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дуюми он 08-09 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин баргузоршавии конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонианд.
  • Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Муносибатҳо бо Чин

вироиш

Чин саъй дорад шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон шавад ва бозигарони дигарро бо сармоягузориҳои бесобиқааш дур кунад. Дар моҳи январи соли 2011, Чин бо сабаби он, ки Душанбе қарзҳои пардохтнашударо пардохт карда натавонист, дар Помири Шарқӣ бо масоҳати 1 ҳазору 158 километри мураббаъ заминро {ки ин як фоизи қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад},[1] ба даст даровард. Барои баргардонидани хароҷоти ширкати ТВЕА-и Чин вай ҳуқуқи истихроҷи тилоро аз конҳои «Кумарғи Боло» ва «Дуоба» гирифтааст, ки дар ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд мебошанд. Дар шимоли Тоҷикистон, майдони умумии конҳо 15,4 км² ва захираҳо 51,7 тонна тило ташкил медиҳанд[2]. Баъдтар, ТВЕА-и Чин ҳуқуқи истихроҷи тилоро аз конҳои Дуобаи Шарқӣ ва Кумарги боло то он даме, ки 331,5 миллион доллари дар соли 2016 барои сохтмони МБГ-2 ш. Душанбе сарфшударо ба даст овард.[3]

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.