Тоҷикистон дар соли 1993
- 4 январ - дар рафти сафари Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. [1]
- январ - таъсиси дафтари кории (намояндагии) СММ дар ш. Душанбе.[2]
- январ – оғози сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Сангтӯда – Данғара – Фархор – Восеъ – Кулоб.
- 1 феврал - дар Душанбе ифтитоҳи намояндагии СММ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ба ифтихори ифтитоҳи дафтари СММ дар Тоҷикистон парчами Созмони Милали Муттаҳид барафрохта шуд.[3]
- 23 феврал – аз қисмҳои "Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон" Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 феврал — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст.
- 8 май – сели зиёд сарбанди 40 метраи НБО Роғунро аз байн бурд.
- август – музокироти байни намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифи тоҷик мавқеи тарафҳоро дар музокироти минбаъдаи байни тоҷикон аниқ намуд.
- 7 август – дар шаҳри Москва сарварони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои муҳофизати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон шартномаро оид ба таъсиси Қувваҳои сулҳхоҳ дар Тоҷикистон имзо намуданд.
- 27 декабр – Қонун «Дар бораи маориф» қабул гардид.
- 28 декабр – дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.[4]
Адабиёт
вироиш- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 553-554.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Назриев Д., Саттаров И. Республика Таджикистан: история независимости. Год 1993-й (хроника событий). Т. 3. Душанбе, 2006. С. 7
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история).– Душанбе:«Империал-Групп»,2011. С.455
- ↑ Саъдиев Ш.С. Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). Душанбе,РТСУ,2020. С. 12.
- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 553-554.