Тракторсозӣ — соҳае аз мошинсозӣ аст, ки трактор, муҳаррикҳои трактору комбайн ва қисмҳои эҳтиётии онҳоро тавлид мекунад.

Таърих

вироиш

Тракторсозӣ ҳамчун соҳаи саноат аз соли 1917 (вақте ки дар заводҳои Форди ИМА истеҳсоли зиёди тракторҳо сар шуд) вуҷуд дорад.

Тракторсозӣ дар ИҶШС

вироиш

Тракторсозӣ дар ИҶШС соли 1923 ба вуҷуд омад. Аввалин заводҳои махсусгардонидаи таркторсозӣ — Заводи тракторсозии Сталинград (ҳозира Заводи тракторсозии Волгоград) ва Заводи тракторсозии Харков тракторҳои чархдори тамғаи СТЗ ва ХТЗ бароварданд.

Санъати тракторсозии ИҶШС 57 хел трактор (20 универсалӣ, 11 шудгоркунанда, 16 хел барои саноат ва 10 хел барои хоҷагии ҷангал) мебарорад. ИҶШС ба бисьёр мамлакатҳои ҷаҳон трактор мефурӯшад. Тракторҳои ИҶШС сазовори зиёда аз 120 мукофоти олии намоишу ярмарка ва азназаргузарониҳои умумиҷаҳонӣ гардидаанд.

Сарчашма

вироиш