Тубо Бӯйӯкӯстӯн
Хадиҷа Тубо Бӯйӯкӯстӯн (тур. Hatice Tuba Büyüküstün; тав. 5 июли соли 1982, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи телевизион, театр, синамо ва мудели турк.
тур. Tuba Büyüküstün | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Hatice Tuba Büyüküstün |
Таърихи таваллуд: | 5 июл 1982 (42 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: |
ҳунарпеша, мудел |
Корнома: | 2003-то ҳол |
Самт: | телевизион, синамо, театр |
IMDb: | ID 1735048 |
tubabuyukustun.com.tr(тур.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишТубо 5 июли соли 1982 дар Истанбул таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи Доғусро хатм карда, пас аз он Донишгоҳи ҳунарҳои тасвирии Меъмор Синонро бо ихтисоси тарроҳи либос хатм кардааст[1].
Фаъолият
вироишҲангоми таҳсил дар донишгоҳ, Тубо фаъолияташро дар таблиғотҳои брендҳои маъруф, ба монанди Pantene, Maximum Cart, Kremini, Molped ҳамчун мудел оғоз намудааст. Дере нагузашта вай аз ҷониби дастаи коргардони машҳур Томрис Гиритлиӯғлу мушоҳида шудааст. Нахустнамоиши ӯ дар силсилафилми "Sultan Makamı" баргузор шуд. Пас аз он нақш дар силсилафилми телевизионии "Çemberimde Gül Oya", ва филмҳои "Гулизор", "Падарам ва писарам" ва "Aşk Yolu" ҳунарнамоӣ намудааст. Лаҳзаҳои беҳтарини Тубо пас аз пахши силсилафилми "Ihlamurlar Altında" дар соли 2005 рост омад, ки вай нақши асосиро ҳамроҳ бо Булент Инал бозидааст. Нақши навбатии ӯ силсилафилми "Осӣ" буд, ки солҳои 2007-2009 пахш шудааст. Дар ин силсилафилм Тубо боз нақши асосиро бозид, ҳунарпешаи машҳур Мурод Йилдирим шарики ӯ шуд. Ва соли 2010 Тубо дар симои лӯлӣ Ҳасрат дар силсилафилми телевизионии Gönülçelen зоҳир шуд. Худи ҳамон сол, ӯ дар филми "Аз дили худ бипурс" (Yüreğine Sor), нақши Эсморо бозидааст. Аз соли 2014 то 2015 дар силсилафилми "Kara Para Aşk" нақш офаридааст ва аз 21-у и майи соли 2014 ӯро сафири Миллӣ ЮНИСЕФ барои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон дар саросари ҷаҳон аз ҷониби ЮНИСЕФ Туркия таъйин шудааст. Моҳи июли соли 2015 Тубо дар филми кӯтоҳи "Rüzgarin Hatiralari" нақш офарид. Моҳи сентябри ҳамон сол Тубо боз дар ду филми дигар нақш офарид: "Orman" ба ҳайси Зайнаб ва "Dar Elbise" дар нақши Ҳелин. Моҳи апрели соли 2016 Тубо дар филми Истонбули Сурх нақш бозидааст. Ва дар моҳи июл ӯ дар филми кӯтоҳи "Daha Fazla" нақш бозидааст. Аз моҳи августи соли 2016 то июни соли 2017 Тубо дар силсилафилми "Ҷасур ва Гӯзал" (Cesur ve Güzel) нақш офарид, ки дар он шарикаш Киванч Татлитуғ буд.
Ҳаёти шахсӣ
вироишСоли 2005, Тубо бо Булент Инал, шарика дар силсилафилми Ihlamurlar Altında робита оғоз намудааст, аммо соли 2007 ин ҷуфт аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳангоми наворгирии Осӣ, ӯ бо коргардон-филмардор Самеъ Сойдон вохӯрдааст. Аз соли 2008, ҷуфт мулоқот оғоз, намудааст ва соли 2010 онҳо муносибати худро қатъ карданд. 28 июли соли 2011 дар Порис, Тубо бо ҳунарпеша Онур Сайлак издивоҷ кард[2]. Муносибати ошиқонаи онҳо дар майдони филмбардории силсилафилми «Gönülçelen» оғоз ёфт. 19 январи соли 2012, Тубо дугоник таваллуд кард - Майя ва Тупроқ [3]. 5 июни соли 2017 Тубо ва Онур аз ҳам ҷудо шуданд.
Филмнома
вироишСол | Номгӯй | Нақш |
---|---|---|
2005 | Babam ve Oğlum | Айсун |
2006 | Sınav | Зайнаб Эрез |
2010 | Yüreğine Sor | Эсма |
2015 | Orman | Зайнаб |
2015 | Rüzgarın Hatıraları | Зепур |
2015 | Dar Elbise | Ҳелин |
2016 | İstanbul Kırmızısı | Невал |
Сол | Номгӯй | Нақш |
---|---|---|
2004 | Gülizar | Гулизор |
2005 | Aşk Yolu | Дениз |
Сол | Номгӯй | Нақш |
---|---|---|
2003 | Sultan Makamı | Насрин |
2004 | Çemberimde Gül Oya | Зарифа |
2005–2007 | Ihlamurlar Altında | Филиз Текинер |
2007–2009 | Осӣ | Осия "Осӣ" Козҷиӯғлу |
2009 | Beni w Benak | Худаш (меҳмон) |
2010–2011 | Gönülçelen | Ҳасрат |
2013 | 20 дақиқа | Малак Холаскар |
2014–2015 | Kara Para Aşk | Алиф Денизар |
2016–2017 | Ҷасур ва Гузел | Суҳон Корлудоғ |
2020 | Rise of Empires: Ottoman | Мара Бранкович |
2020 | Menajerimi Ara | Худаш |
Сол | Бренд | Шарҳҳо |
---|---|---|
2000 | Colin's | Таблиғи телевизионӣ (Аврупо–Туркия) |
2001 | Kremini | Таблиғи телевизионӣ (Туркия) |
2002 | Molped | |
2007–2013 | Pantene | |
2008 | Атрҳои Lamees ва Mohannad | Таблиғи телевизионӣ (Ховари Миёна) (бо Киванч Татлитуғ) |
2010 | Maximum Card | Таблиғи телевизионӣ (Туркия) |
2010–2014 | Pantene | Таблиғи телевизионӣ (Ховари Миёна) |
2012–2013 | Таблиғи телевизионӣ (Озарбойҷон) | |
2014–2015 | Molfix | Таблиғи телевизионӣ (Ховари Миёна) |
Ҷоизаҳо
вироишСол | Мукофот | Категория | Кор |
---|---|---|---|
2005 | Sırbistan Karadağ Cumhuriyeti Uluslararası TV Festival Bar | Беҳтарин ҳунарпеша | Гулизор |
2007 | İstanbul Üniversitesi Bilişim Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм | Ihlamurlar Altında |
2008 | İstanbul Üniversitesi Bilgisayar Kulübü Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм | Осӣ |
2010 | Marmara Üniversitesi Matematik Kulübü Başarı Ödülleri | Ҳунарпешаи муваффақтарини силсилафилм | Yüreğine Sor |
2010 | Radyo Televizyon Gazetecileri Derneği Medya Oscarları | Ҳунарпешаи сол | Gönülçelen |
2010 | Siyaset Dergisi Yılın En İyileri Ödülleri | Ҳунарпешаи телевизионии сол | Gönülçelen |
2011 | Elle Style Awards Türkiye | Ҳунарпешаи фасон Elle Style | |
2013 | KARVAK Yılın En İyileri Ödüller | Беҳтарин ҳунарпешаи сол | 20 дақиқа |
2013 | TelevizyonDizisi.com En İyiler Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпеша | 20 дақиқа |
2014 | TelevizyonDizisi.com En İyiler Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпеша | Kara Para Aşk |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ HAKKINDA | Tuba Büyüküstün(пайванди дастнорас — таърих). 8 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Январ 2014.
- ↑ Böyle evlendiler. Geçtiğimiz cuma günü Paris’te evlenen Tuba Büyüküstün ile Onur Saylak'ın fotoğrafları ortaya çıktı.. 3 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 марти 2014.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 3 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 марти 2016.