Бердиева Турдихон Эшоновна (7 июли 1940, шаҳри Конибодом — 1 апрели 2008, шаҳри Хуҷанд) — шарқшинос-забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), профессор (1986). Акад. Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2001).

Турдихон Бердиева

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи шуъбаи шарқшиносии факултети таъриху филологияи УДТ (ҳоз. ДМТ; 1963). Аспирант (1964-67), муаллим (1967-70), муаллими калон (1971) ва дотсенти кафедраи забони арабии УДТ (1971-76; 1978-84), профессор (1996-97), мудири кафедраи забони арабии ДМТ (1997—2000). Аз соли 2000 то охири умр ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба илм буд. Бо роҳхати ИҶШС дар Донишгоҳи Қоҳира (1989-90) кор кардааст. Б. асосан ба таҳқиқи масоили назарияи иқтибоси вожаҳо, унсурҳои луғавию грамматикии забони арабӣ дар забони тоҷикӣ, феълҳои мураккаби арабиасоси забони тоҷикӣ, таъсири омилҳои иҷтимоӣ дар инкишофи забони тоҷикӣ машғул шудааст. Ӯ муҳаққиқи забоншиносии иҷтимоӣ, мураттиби нахустлуғати басомади вожаҳои арабӣ дар забони тоҷикӣ мебошад. Б. дар Анҷумани байналмилалии славяншиносон (Киев, 1983), ҳамоиши (симпозиуми) байналмилалии арабшиносон (Қоҳира, 1989), кунгураи байналмилалии филологҳо (Эрон, 1996) ва чандин конференсияву маҷлисҳои байнидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ намудааст. Мақолаҳояш дар Маскав, Тошканд, Париж, Берлин, Лейпсиг, Теҳрон, Қоҳира ва Бишкек чоп шудаанд. Бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) ва Ҷоизаи ба номи акад. Б. Ғафуров (2006) сарфароз гардидааст. Узви ИЖ Тоҷикистон (1997).

Осор вироиш

  • Лексика и грамматические элементы арабского языка в таджикском языке. Д., 1986;
  • Частотный словарь арабских заимствований. Д., 1970;
  • Лингвистические и экстралингвистические причины арабских заимствований. Д., 1970;
  • Тенденции развития таджикского языка современного периода. Д., 1982;
  • Назарияи иқтибос. Д., 1990; Таснифоти сарфу наҳвии иқтибосоти арабӣ. Д., 1990;
  • Феълҳои таркибии номӣ бо исмҳои арабӣ. Д., 1995; Хрестоматияи забони арабӣ. Х., 2000.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш