Тур (Шоҳнома)
Тур (форсӣ: تور < порсии миёна: Tūr < авестоӣ: Tūiriia) — шахсияте уcтураӣ дар Шоҳнома ва писари дувум аз се писари Фаридун, нахустин шоҳ ва падидоварандаи сарзамини Турон аст.
Падар | Фаридун |
---|---|
Пеша | нависанда |
Ишорашуда дар китоби | Шоҳнома |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар «Фарвардин-яшт»-и Авесто, «Чехрдод-наск» -и «Динкард» достони Тур мухтасар омадааст. Мувофиқи ривоёти Шоҳномаи Фирдавсӣ пас аз он ки Фаридун подшоҳияшро дар миёни се писар бахш кард, ба Тур Турону Чинро дод. Тур бо ҳамдастии бародари бузургтараш Салм бар бародари хурдтар, яъне Эраҷ, ки подшоҳи Эроншаҳр буд, шӯриданд ва ӯро куштанд. Ин воқеъа сабаби зиддияту ҷангҳои доманадори байни Эрону Турон гардид.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тур / М. Диловаров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).