«Туҳафи аҳли Бухоро» (форсӣ: تحف اهل بخارا‎), ё Сафарномаи туҳафи Бухоро (форсӣ: سفرنامه‌ تحف‌ بخارا‎) — асари Мирзо Сироҷ Ҳакими Бухороӣ, ки соли 1907 таълиф шуда, соли 1910 дар Когон ба табъ расидааст.

Муаллиф бо нияти тиҷорат ва омӯхтани тартиби кору зиндагии мардум ба мамлакатҳои мутараққии Европаю Осиё, аз ҷумла ба Русия, Олмон, Фаронса, Англия, Утриш, Суис, Туркия ва Эрон сафар карда, таассуроташро дар «Туҳафи аҳли Бухоро» ба қалам додааст. «Туҳафи аҳли Бухоро» танҳо аз тафсили аҷоиботи сафар иборат набуда, бисёр мулоҳизаҳои ҷиддии иҷтимоиро низ дар бар гирифтааст. Мусанниф инкишофи санъату маданият ва саноату иқтисодиёти кишварҳои номбурдаро дида, онҳоро бо Бухорои харобу нотавон муқоиса намуда, роҳҳои аз ғафлату бехабарӣ раҳо додани мардуми кишварашро ҷӯё шудааст. Мирзосироҷ дар «Туҳафи аҳли Бухоро» пешрафти мамлакатро дар равнақи илму техника ва корхонаҳон саноатӣ дидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Туҳафи ахли Бухоро / У. Каримов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).