Мирзо Сироҷи Ҳаким
Мирзо Сироҷуддин Ҳакими Бухороӣ (форсӣ: سراج حکيم بخارايی; 1877, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон — 17 январ 1914) — пизишк, шоир, рӯшанфикр, чандзабондон ва гардишгари тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1877 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 январ 1914 |
Алма-матер |
Зиндагинома
вироишМирзо Сироҷуддини Ҳаким соли 1877 дар Бухоро дар оилаи савдогар ба дунё омадааст. Падараш дар баробари таълим дар мактаби ибтидоӣ ба фарзандаш забонҳои аврупоиро омӯхтааст. Баъд аз худ кардани маълумоти ибтидоӣ ба тиҷорат машғул мешавад. Фаннҳои дақиқро аз худ мекунад ба омӯзиши мустақилонаи забони арабӣ ва адабиёти гузаштаамон машғул мешавад. Ба мамлакатҳои Осиёву Аврупо сафар мекунад. Дар ин вақт мақолаҳояш дар газетаи «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» дар бораи мактаб чоп мекунад. Яке аз муассисони нахустин рӯзномаи сирф тоҷикии «Бухорои шариф» ҳам бу шумор меравад. Соли 1907 асараш «Туҳафи аҳли Бухоро»-ро таълиф мекунад. Ин асар натиҷаи сафари ӯ ба Маккаи мукаррама ва мамлоики аврупоӣ мебошад. Мирзо Сироҷ мехост бо ин асар ақибмондагии аҳли Бухороро аз пешрафтҳои замонаш дар муқоиса нишон диҳад.
Сироҷи Ҳаким дар синни 36 солагӣ даргузашт.
Намунае аз ашъор
вироиш- Мо ҷумлаи шоирон саросар,
- Аз пой фитодаем ба як сар.
- Дар васфи узору чашми шаҳло,
- Гуфтем қасидаҳои ғарро.
- Дар гӯшаи ишкҳои мафҳум,
- Кардем басе раҳи талаб гум.
- З-ин гуна абас ғазалсарой,
- Мондем ба рӯзи бенавоӣ.
- Ҳастем кунун забонбурида,
- Дар гушаи узлат орамида.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Мирзосироҷ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).