Улм
Улм (олм. Ulm [ˈʔʊlm]) — шаҳр дар Олмон. Шаҳри Улм дар замини Баден-Вӯрттемберг, тақрибан 70 километр дар ҷанубу шарқи Штуттгарт ва 120 километр дар шимолу ғарби Мюнхен ҷой гирифтааст. Аҳолии шаҳр зиёда аз 125 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Шаҳр | |||||
Ulm | |||||
|
|||||
Кишвар | Олмон | ||||
Музофот | Баден-Вюртемберг | ||||
Тӯбинген | Тӯбинген | ||||
Роҳбар | Гунтер Ктзиш | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1181 | ||||
Аввалин номбарӣ |
22.07 854 |
||||
Масоҳат | 118,68 км² | ||||
Баландии марказ | 478 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+2:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | 126 405 тан (30.09.2021) | ||||
Зичӣ | 1044 тан/км² | ||||
Миллият | мардуми олмонӣ | ||||
Эътиқодот | насрониҳо, мусалмонон | ||||
Забони расмӣ | олмонӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 0731, 07304, 07305, 07346 | ||||
Нишонаҳои почта | 89073–89081 | ||||
Коди мошин | UL | ||||
ulm.de | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофиё
вироишШаҳр аз 18 ноҳия (Stadtteile) иборат аст: Улм-Митте (Ulm-Mitte), Бёфинген (Böfingen), Донауштеттен (Donaustetten), Донаутал (Donautal), Эггинген (Eggingen), Айнзинген (Einsingen), Эрминген (Ermingen), Эзелсберг (Eselsberg), Гёгглинген (Gögglingen), Гриммелфинген (Grimmelfingen), Юнгинген (Jungingen), Лер (Lehr), Меринген (Mähringen), Остштадт (Oststadt), Зёфлинген (Söflingen), Унтервейлер (Unterweiler), Вестштадт (Weststadt) ва Виблинген (Wiblingen).
Ҷойҳои тамошобоб
вироишКалисои Улм (Ulmer Münster) — баландтарин сохтмони муқаддаси масеҳиёни ҷаҳон (баландӣ 161,6 м)
Шахсиятҳои шинохта
вироиш- Алберт Эйнштейн — физик, барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи физика соли 1921, ходими сиёсӣ-башардӯст.
- Эрвин Роммел — фармондеҳи нерӯҳои олмонӣ дар Рейхи саввум, мулаққаб ба "Рӯбоҳи саҳро" ва аз ҳама муҳимтар маъруф ба Маршалли мардумӣ.
- Леонҳард Фронспергер — назарияпардози ҳарбӣ, яке аз барҷастатарин нависандагони низомии қарни XVI.
- Андреас Эшбах — нависандаи олмонӣ, нависандаи илмӣ-тахайюлӣ.
- Манфред Шпитсер — равонпизишки олмонӣ, муҳаққиқи мағзи сар.
- Ули Ҳёнесс — футболбози олмонӣ ва мудири футболӣ, президенти бошгоҳи футболи Бавария (Мюнхен).
Бародаршаҳрҳо
вироишНовобаста аз он ки расман шаҳри Улм бародаршаҳр надорад, бо шаҳрҳои зерин ҳамкории зич мекунад:
Братислава (Словакия); Будапешт, Байя (Маҷористон); Видин, Силистра (Булғористон); Вуковар (Хорватия); Нови-Сад, Суботиса, Кладово (Сербистон); Линтс (Утриш); Сибиу, Тимишоара, Арад, Клуж-Напока, Тулча; (Руминия) Хинотега (Никарагуа);