Умари Шерхон
Умари Шерхон — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон(2002), узви Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007)
Умари Шерхон | |
Таърихи таваллуд: | 5 июн 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Данғара |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: |
нависанда рӯзноманигор |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишУмари Шерхон 5 июни соли 1957 дар деҳаи Кавраки ноҳияи Данғара ба ҷаҳон омадааст. Баъди итмоми мактаб-интернати №1 (1973) ва мактаби миёнаи №4 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (1975) бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишоҳи давлатии Тоҷикистонро (1986) хатм кардааст. Аввалан, ёздаҳ сол дар Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе (1979-1989), сипас дар Кумитаи назорати халқии Тоҷикистон (1989-1991), ҳафтавори «Наврӯзи Ватан», (1991-1992) ва рӯзномаи «Нидои ранҷбар» (1992-1995) фаъолият бурдааст. Солҳои 1995-1997 корманди масъули котиботи Сардори давлат, аз моҳи майи соли 1997 муовини директори Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Адиби публитсист аст. Нигоштаҳояш аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта дар расо- наҳои даврӣ ба табъ мерасанд. Раиси комиссияи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2006-2011, аз соли 2012 раиси Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2012), Раиси озмуни «Роҳи бехатар» (2011), узви ҳакамоти озмуни ноширони ватанӣ дар Намоишгоҳи 2-вуми байналмилалии китоби Душанбе (майи 2012) будааст.Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002) ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007) мебошад.
Эҷодиёт
вироишОфаридаҳояш дар авроқи кутуби «Кохи ҳунар» (1997), «Гурд» (1998), «Омад» (1999), ««Таҳамтан» (ҳамроҳи Ҷ.Аҷиб, 2001), «Асил» (2002), «Данғара» (2002, 2005), «Давлатманд» (2005), «Тораҳои хаёл» (2007), «Валӣ» (2007), «Сипос» (2010), «Мурод» (2012), «Ваҳдатовар» (ҳамроҳи Н. Абдулваҳҳоб, 2014) чоп шудаанд.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ордени «Дӯстӣ» (2000);
- Нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2002);
- Нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2007);
- Ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2008)
- Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011),
- Медали «100-солагии матбуоти Тоҷикистон» (2012);
- Медали «75-солагии Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон» (2013).
- Баранда ва ғолиби озмуни «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (2010 [1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.298 - 299 ISBN 978-99947-2-379-9