Унсурулмаъолии Кайковус
Унсурулмаъолӣ Кайковус ибни Искандар ибни Қобус ибни Вушмгири Зиёрӣ (форсӣ: عنصرالمعالی کیکاووس بن اسکندر بن قابوس بن وشمگیر زیاری; 1021[1][2][3] — 1098[1][2][3]) — амири дудмони Зиёриён (1050–1087), нависандаи китоби «Қобуснома», писари Искандар ибни Қобуси Зиёрӣ ва набераи Марзбон ибни Рустами Бовандӣ.
1050 — 1087 | |
Пешгузашта | Q97199895? |
Ҷонишин | Гелоншоҳ |
Таваллуд | 1021[1][2][3] |
Даргузашт | 1098[1][2][3] |
Дудмон | Зиёриён[d] |
Фарзандон | Гелоншоҳ |
Эътиқод | суннӣ |
Зиндагинома
вироишТабори Кайковус аз хонадоне аст, ки дар навоҳии Табаристон ва Гургон солҳо ҳукумат ва иморат доштанд, аммо дар ба ҳукумат расидани худи ӯ тардид вуҷуд дорад. Кайковус аз илмҳои замонаш хуб огоҳ буд. Дар Гургон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиши тиб пардохт; илми нуҷум, ҳайъат, шеър ва мусиқиро ҳам омӯхт.
Кайковус бештари умри худро ба унвони надим, дар хидмати салотини муосир гузаронд. Ӯ дар рикоби Султон Мавдуд ва Абуласвор Шовур дар ҷангҳои алайҳи номусулмонони Ҳиндустон ва моварои Қафқоз ширкат кард ва саранҷом яке аз ин ҷангҳо, дар Гурҷистон, мӯҷиби даргузашти ӯ гардид.
Қобуснома
вироишУнсуролмаъолии Кайковус беш аз ҳар чиз, ба хотири нигориши пандномае ба забони форсӣ шинохта мешавад, ки барои насиҳати писар ва ҷонишинаш, Гелоншоҳи Зиёрӣ, ба риштаи таҳрир даровард ва «Қобуснома» номида мешавад. «Қобуснома» китоби муҳимме дар адабиёти форсӣ баршумурда мешавад, ки пур аз ҳикоятҳои гуногуни ибратдиҳандааст ва бо матне содда ва наздик ба форсии меъёри имрӯзӣ навишта шудааст. Ҳикоёти «Қобуснома» дар чиҳилу чаҳор боб омада ва дар ҳар як аз ин бобҳо дар бораи ҳирфае ё масоили хоссе дар мавриди зиндагӣ суҳбат мешавад, ки нишонгари дониши болои нависанда ва огоҳии ӯ аз муҳити зиндагиву ҷомеаъаш мебошад ва нишондиҳандаи даричае аз манзари як наҷибзода бар ҷомеъаи қуруни вустоии Эронзамин аст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Унсурулмаолии Кайковус / А. Абдуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- Кей-Кавус // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |