Усмоналӣ Камолиён

файласуф, донишноманигор ва шоири тоҷик

Усмоналӣ Камолиён (Камолов Усмоналӣ Нусратович, тахаллуси шоирӣ Беҳини Меҳрободӣ; 12 январи 1971, деҳаи Меҳробод, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон) — файласуф, донишноманигор ва шоири тоҷик.

Усмоналӣ Камолиён
Камолов Усмонали Нусратович
Таърихи таваллуд 12 январ 1971(1971-01-12) (53 сол)
Зодгоҳ деҳаи Меҳробод, ноҳияи Ленин
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа ва ҷомеашиносӣ
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Алма-матер Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон (1997)

Зиндагинома

вироиш

Камолов Усмоналӣ Нусратович 12 январи соли 1971 дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ленин ба дунё омадааст. Соли 1988 мактаби миёнаи № 71-и ҳамин ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардаст. Соли 1989 курси яксолаи муҳосиби (Учкомбинат)-ро хатм менамояд. Соли 1997 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1997 то соли 1999 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (кафедраи фалсафа) ба ҳайси устоди фанни фалсафа кор кардааст. Соли 2003 аспирантураи шуъбаи «Таърихи фалсафа»-и Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. М. Баҳоуддинови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм карда, аввал ба ҳайси ходими хурди илмӣ (1999—2003), сипас ходими илмӣ (2003—2010) ва баъдтар ходими калони илмии шуъбаи «Таърихи фалсафа»-и Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ кору фаъолият мекунад. Ҳамзамон муаллими калон (2008—2010), иҷрокунандаи вазифаи дотсент (2010—2012) ва дотсенти кафедраи Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон (2012—2015) буд.

Соли 2010 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Таълимоти Наҷмуддини Розӣ дар бораи ҳастӣ ва маърифат» дифоъ менамояд. Соли 2016 ёвари Президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Аз январи соли 2015 токунун дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба ҳайси муҳаррири редаксияи Фалсафа, дин ва ҳуқуқ кору фаъолият дорад.

Шоирӣ

вироиш

Усмоналӣ Камолиён шоир низ буда, бо тахаллуси Беҳини Меҳрободӣ шеър эҷод мекунад:

Гули зебову хубу беназирам,
Ба доми ҳалқаи зулфат асирам.
Зи сар то пои ту нур асту нур аст,
Бути номеҳрубону дилпазирам.
Зи хӯи шӯху рафторам маяндеш,
Ки ҷуз ту ман касе дар бар нагирам.
Ба ҷон андар ниҳон аст меҳри покат,
Ба мағзи устухону дар замирам.
«Сарамро гар буранд бо ханҷари тез»,
Зи домони ту ҳаргиз даст нагирам.
Ба оғӯшам шабонгаҳ танг мегир,
Ҷавон гардам саҳаргаҳ, гарчи пирам.
Агар сад ҷон ҳаме дорам ба дунё,
Ба пеши пои ту ҳар шаб бимирам.
Гадои даргаҳат Беҳин ҳамеша,
Ба тахти шоҳиям ё худ вазирам.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

  • Камолов У. Н. Учение Наджмуддина Рази о бытии и познании. — Душанбе: «Ирфон», 2013, 192 с. — ISBN 978-99947-61-69-2

Адабиёт

вироиш
  • Суханварони водии Ҳисор. — Душанбе: «ЭР-граф», 2021. — С. 47. — 400 с. — ISBN 978-99985-59-15-8